Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Миннатдор, апа... Беҳтар буд, лаҷоми Бурҳонро мекашидӣ!
— Чӣ, ман лаҷоми туро кашидан омадам? Бурҳон ҳам мисли ту ақлу тамиз дорад, ҳар коре хоҳад ва аз дасташ ояд, бикунад...
— Чунон ки мебинӣ, аз дасти мо коре намеояд. Ҳатто меҳмон қабул карда наметавонем.
— Талху пичингатро мон, додар, бо ситезаву талху пичинг кореро сомон накунӣ... Хубаш, дўсту душманро фарқ бикунӣ...
Ту донӣ, ки онҳо кӣ буданд?
— Кӣ буданд? Модом ки ба хоки ту зер карда медароянд, кӣ ҳастанд?
— Пас чаро хомўш будӣ, ҷанг накардӣ? Сари аспатро гардондиву рафтӣ?
— Чӣ кор кунам буд? Ҷанг кунам буд? Дар ин деҳа то имрўз кӣ ҷанг карда, ки ман кунам? Вазифаи ман як чиз аст: ҳимоя кардани Ватан – чун Спитамон, чун Деваштич... Дидам, ки касе ин хоки муқаддасро поймол мекунад, сар медиҳаму амон намедиҳам.
— Магар нохонда омадани онҳо поймол кардан набуд?
— Не, онҳо ба озмун омаданд... Гумон доштанд, ки дар ин ҷойҳо босмачӣ хаст...
— Босмачӣ ҳаст? Кӣ будааст он босмачӣ? Ин чӣ ҳарф аст?
Магар ягон тоҷик босмачигарӣ кардааст? Магар дар ягон замон тоҷик ба сари зану фарзанди кишвари бегона тохт овардааст? Охир ин кори мо нест ва маънии ин ҳарфро намефаҳмем, ҷоеро пахш карданӣ нестем!.. Ё ту ин корро карданӣ ҳастӣ?
— Чӣ хел?
— Чунон ки «босмачӣ» ном гирӣ?
— Ман намефаҳмам, ки ин чӣ маънӣ дорад, ба номи Худо, намефаҳмам... Чаро ватанпараст неву босмачӣ? Аз куҷо омадааст ин калима?
— Ҳамааш хуб, додарам, пеш аз ҳама дўсту душманро фарқ бояд кард. Дўст ёбӣ, ба душман зафар кардан осон мегардад.
— Душвор, апа... Замона чунон аст, ки дўсту душманро фарқ накунӣ!
— Ҳо, хунрез аст чашми замона... илоҷе бояд ёфт.
Як дастаи маҳзун гирди ҳавзи боғи Замон пароканда буданд; гўё шикастхўрда, на қўшу палтар доштанд, на бисот, на аслиҳаи корой, на тўпу туфанг; ятимона каҷпахлў зада буданд, аспонашон қантар; гўё дар чеҳраашон пати шикаст, пати ғарибӣ, пати кулфат зада буд. Онҳо чунин гумон накунанд ҳам, Шарифа чунин пиндошт ва хост маслиҳат диҳад, ки аз роҳашон баргарданд, ба кору кирдори ҷангхоҳон шарик нашаванд ва гар ҷанг кардан хоҳанд, дигаргуна омодагӣ бинанд; қувва ҷамъ кунанд, аслиҳа ёбанд, варзида бошанд; бо чунин дастаи хурду ночиз кас ба ҷое нарасад... Ў чунин андеша дошт, аммо чизе гуфта натавонист; донист, ки Ёрмуҳаммад ранҷад, Замону ёрони дигар хафа шаванд, чизе нагуфт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор