Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Ту зиёд набард кардӣ, қўрбошӣ, зиёд куштӣ, зиёд бурдӣ, номусулмониат афзун буд, ман дар умрам ҷанг накарда... Мехоҳам як бор бо ту ҷанг бикунам!
— Нобудаш кунед! Баредаш!
— Сабр кунед, Ҳомидбек! Замин ба хуни Ёрмуҳаммад сер нагардад... ў баччагиҳо дорад!..
— Баредаш! Аз назарам дур кунедаш!
— Гуфтанд, ки мардӣ дорӣ, пасттар аз зан будаӣ...
— Гўр кобед барои ин модасаг!
Дигар набояд ғоз мекашид сухан. Гўё ҳукм буд. Қўрбошӣ амр кард, бояд иҷро гардад...
Гўр кофтанд, гўри фурўву рост ва Шарифаро аз бозувонаш дошта ба он ҷо дароварданӣ буданд, аммо Шарифа нагзошт, ки дасти номаҳраме ба танаш расад:
— Нарасед! Боздоред дасти ҳароматонро. Мурдан бошад, бе ёрии шумо ҳам мурда метавонам. – Гуфт Шарифа ва лаби гўр омада, дерёз сукут варзид, чашм пўшид. Даст ба осмон бардошт, чизе гуфту ба рўй кашид. Рўймол кушода чашмон баст ва худро даруни гўр андохт, фурў нишаст, ки аз тор хок мерехта бошанд.
Зону оғўш кард, ки охирин нафас аст...
— Бихез! Рост биист!
Шарифа ба фармон итоат накард, балки даст бар сар бурд ва аз дил ҳазору як ҳарфу андеша гузаронд: қисмати худро интиҳоёфта пиндошт ва ғами Ёрмуҳаммадро мехўрд, ки чун шавад. Хост ба қўрбошӣ таваллову зорӣ кунад, раво надид, Ёрмуҳаммад ҳам ин чизро нахоҳад, аз хору залил шудан дар назди инҳо, мурдан авлост.
Шарифа фаҳмид, ки ўро гўр мекунанд, ба сурати мазоху масхара гўраш кунанд то гулў, пас ханданд ба ҳолаш ва ё ба тарзе кушанд, ки... шояд санг зада, сар миёни сангҳо нопадид гардонанд... Боре мардум ўро наҷот дода буданд аз ҳукми сангсори қозӣ. Лек имрўз ногузир бувад маргаш…
— Бардоредаш!
Шарифа нагузошт, ки бардорандаш. Бархост. Рўймол пеши чашм кашида буд, то касеро набинад – рўйҳои ношустаро... ва касе қиёфаи дигаргунаи ўро набинад, тамошо накунад. Бел-бел хок ба миён, пойҳо расида, рўи панҷаҳояш мерехт; дар они воҳид рўи панҷаи пояш вазнин шуд. Хок банди пояшро гўр кард ва зан дарёфт, ки ин бозӣ чӣ маънӣ дорад. Ўро гўр кунанд росто, афсонавӣ, ки зани зино бо ҳукми шоҳ ба чунин рўз афтида; бо ҳиллаву найранги палонҷхо, ки сагбачча зойида бошад ва ўро то сина гўр карда, сагбаччаҳоро оварда буданд, то зани зоро маканд, мардум бинанд. Ин лаҳза ба хотири Шарифа афсона омад ва надонист, ки гуноҳаш чист...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор