Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хок боло мешуд: аз миён боло, аз сина боло, то ба гулў...
Инак маънии чунин гўр карданро фаҳмид: хок мепартофтанд, борон меборид, лой мешуд ва ба хаёли Шарифа омад, ки ниҳол шинонанд ва он сабз гардад...
— Бигиред рўймолаш!
Шарифа натавонист ба ин фармон итоат накунад, зеро дастонаш низ зери хок буданд..
Рўймол бардоштанд. Шарифа чашмонашро кушод. Як бор кушод, саҳнаи мудҳиш дид. Боз пўшид: намуд, ки Ёрмуҳаммад рў ба рўяш; дар даҳони ў мили камон рост карда, танҳо монда, ки тутакро пахш кунанд. Шарифа нафаҳмид маънии ин кирдорро.
Пиндошт, Ҳомид-қўрбошӣ мехоҳад, ки ў зорӣ кунаду тавалло, гўяд, ки пеш о, ба поят сар ниҳам... Сахт чашм пўшид, сар андохт.
Манаҳаш ба хок хўрд. Тафсид баданаш, арақ баровард танаш.
Манаҳ аз хок набардошт, чашм накушод, то он саҳнаи мудҳишро набинад. Ба ҳар тақдир ба андеша рафта буд, ки чӣ бигўяд; ба ин махлуқи Худо чӣ ҳарфе ёбад... «Илоҳо, ба хунат оғишта мурӣ!»
ҳамин қадар сухан ёфт, аммо надонист гўяд ё на... Ҳис кунад, ки пойҳояш, дастонаш, танаш карахт шуданд ва забонаш низ, ки мадоре надорад андешаро ифода кунад: «Илоҳо, дар хунат ҷўлида мурӣ!» Хаёле меояд ба сараш, кор намекунад забонаш...
— Боло бикун сарашро!
Касе аз зери манаҳи ў даст андохта бардошт. Натавонист.
Гўё кайҳо ҷонаш баромада, танаш сард гашта, ҳамон зайл шах шуда буд.
— Чашмонашро кушо! Кушо, бинад!
Сарпўши чашмашро боло карданд, нашуд. Болои чашмаш чизеро халонданд, дарёфт накард, ки хор аст ё сўзан. Вале сурати мудҳиш миёни чашмон монда: ҳамон сурате, ки оби борон аз сару рўяш шорон ва мили камон ҷой шуда ба даҳон... Гумон дорад ана-ана садои камон мебарояд, вале ў илоҷе надорад, ки гўшҳояшро пунба занад, шунавад ин овозро ва чашм кушояд, ки хобу хаёл аст ё...

Оқибат баромад садои тир, паси сари Ёрмуҳаммадро канда рафт. Ҷуссаи ўро ҳамчу дарахти аз бех аррида дароз хобонд...
Шарифа чашм кушод. Аз паси сари ў хун фағона мезад. Лаби хоки гўри ў афтида буд ва Шарифа гарданак мезад, ки ёзида ба захми ў даҳон андозад, хуни равони ў боздорад. Гарданак мезад, тамоми қувваро ҷамъ мекард, ки аз хок бурун ояд, натавонист ва якбора садои баланду даҳшатзо баромад, ки аз садои тир ҳам баландтар буд:
— Илоҳӣ, дар хунат ҷўлида мурӣ, қўрбошӣ!

31 декабри 1988 (11 январи 1990)

пешина
аз 421
навбатӣ