Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мани ҷонсахти бебахт зорӣ дорам, то бибардориам аз ин дунё ва ба гирбоди фано андозӣ, ё бардорӣ ба осмонҳо. Зеро дар рўйи замин зинда будан ба дилам задааст. Агар ту набардорӣ, Офаридгорам, дигарон чунон хоҳанд бардошт, ки касе огоҳ набошад. Дилам чунин гувоҳӣ диҳад; омади солро донам. Аммо аз дасти ғаддор ё бегона ва омада намурам барбеҳуда.
Медонам: маро баройи ранҷ кашидан офаридӣ; аз дигарон як сар баланд ақл додӣ; болонишин кардан хостӣ, вале ин ҳама дар дили аз гетӣ фароху аз Фарғар тангтари ман чизе ҷой нагирад. Ман беҳуда хондам ва қисмату сарнавишти пешовандонро донистам.
Ва донам, ки пасовандон низ хушӣ набинанд. Зеро дар ин дунё касе нони серӣ нахўрда, чашми сер набурда ва розӣ набуда. Агар шоҳ шуд, ба ранҷ шуд; агар барда буд, бо азоб мурд, вале чизе бо худ набурд. Ҳамин қадар ки шоҳро бо тантана гўрониданд, бардаро чун саг. Шоҳро чанд гоҳ шоҳона ёд оварданд, бардаро зуд фаромўш карданд. Охир чӣ ҷойи шукру шикоят ва ё сар кафонидану мағз об кардан, ки гуфтаанд ҳамаро ва батакрор мегўянд, вале куҷо гўши суханшунав? Ё худат сомон мекунӣ ва зўре пайдо мешаваду бо кўмак ё раҳнамоийи Худованд ҳамаро сомон мекунад ва мардум андаке рўз мебинанд, вале аз дасти дасисабозон ҳамон ҳам зуд пароканда мешавад. Ай Худо, ман туро ақл намешавам, вале мепурсам, ки чаро низ офарӣ чунинонро? Ё онҳоро биофар, то якмаром зиндагӣ кунанд, ё моро наофар, то чунинон набинем. Рост, он гоҳ зиндагӣ якранг мешавад ва касеро ҳаваси ину он намонад ва номи масхарабоз, ҷодугар, дасисабоз, ҷосус, найрангбоз ва номи ҳама шогирдони Аҳриман аз сафҳаҳо бардошта гардад ва асбобҳойи шавқангез аз миён раванд. Он гоҳ зиндагӣ ранг надорад; зеб надорад; дилхушӣ надорад; ҳама гардан миёни шонаҳо кашида, ғамзада, гирифтор, фалакзада тобанд ва ба мурдайи пеши пояшон нанигариста гузаранд. Худойи Зарвон шояд дуруст карда бошад, ки пеш аз Ҳурмузд Аҳриманро рўйи олам овард… На! Худи Аҳриман шиками Зарвонро дарида, пештар ба равшанӣ баромад, то соҳиби олам гардад. Ба кӣ мегўям ин ҳамаро? Ту, ки донӣ, Офаридгор! Туро расонда гўям, то дигарон як бори дигар бидонанд ва мулоҳиза кунанд. Чаро доро нодорро надиҳад? Аммо нодор ба даргоҳи доро рафта хидмат кунад ва ўро доротар гардонад? Бале, сохт чунин; чунин сохта шудааст ин дунёйи дудар. Аз яке бидаройӣ урён, аз дигаре бубаройӣ урён ва … Наметавонам… Худованд, натавонам тафсир кардан: мадорам рафта, рўзам шом гашта, нотавонам.
— Рафиқ сарҳанг, аз рўйи хоҳиши шумо маро ба ин даста даъват карданд?
«Ба ту чӣ фарқ дорад: даъват карданд ё худат омадӣ?»

пешина
аз 421
навбатӣ