Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— На. Босмачиёни Масчоҳ танҳо аз масчойиҳо иборат нестанд.
Сардори ҳама босмачиёни Масчоҳ гвардиячиёни сафед бо роҳбаладии Осипов. Мешиносед?
— Не!
— Аслан Юсуфов. Аз Уротеппа. Пўст дигар кардааст… Ҳамроҳи ў босмачиёни аз Фарғона фирор карда ва бисёр безориҳойи бепадар, ки аз ҳар гўшаву канор фаро омадаанд, тохтутоз мекунанд.
«Нағз накардед, тўра!»
— Шоир-дия, сухан меёбед. Вале ман гумон карда будам, ки баройи ман меоед, аз пайи нашри китоб меомадаед.
Ин бор Туғрал ҳалқа ба дарвоза накўбида, даричайи онро оҳиста кушод ва даромад ба ҳавлӣ, ки Тўтӣ аспро қашав мекунад.
Шоир табассум кард ва ҳама ташвишу гирудор ва бесомониҳойи рўзгорро фаромўш карда, пас гашта ба Мулло Раҷаби нав аз дарича ворид гашта нигарист ва дандоннамо хандид.
— Шумо бояд оламро фурўшед ва ба Тўтихон харҷ кунед.
— Ман соҳиби дунё мешудам, ин корро мекардам, вале ин корро ҳоҷат набувад. Тўтихон донад, ки ман ба хотири кӣ шеър менависам: аввал Худо, баъд Бедилу Тўтихон. Дунё боз ягон чиз дорад?
Гоҳи сўйи ташнов рафтан пай бурд, ки хандайи ноҷо кард. Зеро тамоми роҳ дар андешайи марги Шамсиддин ва сўхтори дўкону кушти усто Ўрун ва ғайб задани усто Раҳмонқул буд. Якбора фахр аз рафтори Тўтӣ карда, ҳама чизро фаромўш кард, ки ба феълу хўйи ў рост намеояд. Ба вижа ифтихор аз зан кардан, на танҳо баройи ў, балки баройи ҳама кўҳистониҳо бегона бувад.
Мулло Раҷаб, ки борҳо ҳамроҳи Туғрал меҳмони ин хонадон гашта буд, «Ташаккур, хоҳарам!» гуфту амонат ба лаби кат нишаст, то шоир ояд.
Нақибхон раҳояш кард. Дигарон доштандаш.
«Ай Бедор, магар надидайӣ, магар нашнидайӣ ё надонӣ, ки кӣ фармуду кӣ кушт ҷони маро? Як пора санг шудам, саропоям сарду сангин ва ту нахоҳӣ аз ин банд раҳо гардам. Маро аз ин рў ба чунин ҳол гирифтор кардӣ, то посухам надиҳӣ. Магар дар Фарғар санг кам буд? Як дили нарму бараҳм, ки дар ин Кўҳистон буд ва ба дили мардум нармиву гармӣ меовард, онро низ санг гардонидӣ. Баъд аз ин ман чӣ бояд бикунам? Ё маро низ бигир, то аз гирудорҳо, масхарабозиҳо, дасисаҳо ва бисёр корҳойи ношойисти ин дунёйи фонӣ озод гардам. Чунон бандам, чунон асирам, ки бо завлонаву занҷир ва камандҳойи мўйини ногусастанӣ ва ё фитроки бузкашҳо мани нимбисмили дар оби сард таркардаро ба чаҳор тараф мекашида бошанд. Аммо ҷони сахти ман ва пўсти дар муҳити Фарғар ғафсгашта ба чортоқ, кашокаш, банду фитрок гирифтанҳо ва пуши пову сари кўҳонайи зин бастанҳо ва гиреҳ андохтанҳо надаррад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор