Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳушу ёдаш боз ба дуриҳо меравад; ба дуриҳойи дур:
ба таърих, ба оғозу анҷоми кори қабилаву наҷодҳо, ба рўзгору давлатдорийи шоҳону шоҳаншоҳҳо, ба қаноат пеша накардани амирону султонҳову раббулнавъу раббуларбобҳо ва пайғамбарони сохтайи ҷоҳталаб ва маккору ҳилагар, ба касони воқеийи даъвойи худойӣ карда ва ба онҳое, ки танҳо авомро фирефтаанд, балки Худову худро реб додаанд. Баъд чун Гули Бодом сар меандозад ва гўшҳояш мехаманд. Дилаш раг мезанад ва як мўяйи зери дилаш гусаста мегардад чунон ки бо неши алмос наштар зада бошанд.
Ин замон фаҳму дарк кунад, ки андаке дониста Оламу Одамро, оре, андаке. Зеро касе нарасида ба умқи он ва соҳиб нагашта Ганҷи Қоруну Ганҷи Равонро, гарчи ҳама аз пайи дарёфти онанд чӣ хурду чӣ бузург. Чунин дарёфт, ки гетӣ як мисраи Рўдакист: «Боду абр аст ин ҷаҳони фусўс…» Пас чӣ ҷойи бурду овард, пархошу талош, роҳҳойи интиқом, усули қатл, тарзи куштору сўхтор ва гунаҳгори бегуноҳро чун пеши чашми худаш сар гирифтан, мусла кардан, дор кашидан, чаҳорлахт кардан, ба оташ афкандан, ба об ғарқ кардан, забону гўшу синаву олот буридан, чашм кофтан…
Гўё ҳамайи ин на баройи онҳое, ки мераванд, балки ононро, то ибрат шавад ва пешорўйи хешро донанд.
Ва аммо ин чиз ҳазорбадро ибрат набувад: ҳамчунон пой бар рикоб тира карда сар ба авҷ мекашад ва дуродурро дурбин мегузорад, ки аз рафтори Искандари оламгир фарқе надорад. Ҳамайи пойдаррикобҳо ба ҳам монанданд. Пешаашон тохтан, куштан, сўхтан, тороҷ кардан ва бурдан. Онон ба худу ба Худо ҳисобот намедиҳанд. Эшон аввал сояйи худованд дар рўйи замин мешаванд, чун шамшерашон хунин, кордашон равғанин, ҷайбашон заррин гардад, хешро Худо эълом медоранд; равшан мегардад, ки аз зоди Аҳримананд.
«Дар Бухоро чӣ гум карданамро пурсид, аммо дар Самарқанд чӣ кор доштанамро напурсид? Охир ман Нақибхони Аҳрорийи Самарқандӣ ҳастам аз тухмайи наҷибзодагон. Чун андар кўҳистон маскан гузида, гуморанд бехирад ҳастам. Кўҳистонӣ шуданам низ аз дасти шумо барин тозандаҳо. Касе нашумурда, ки Самарқанд чанд бор тиҳӣ аз шаҳриён гашту чандин бор пур аз музофотӣ. Пас ин гаҳворайи тамаддун ҳар бор одам ба воя мерасонад, дигарон ҷонварони рўйи замин пиндошта сайдаш мекунанд. Охир чӣ гуноҳ дорад тифле, ки дасту пояш баста дар гаҳвора бошад ва боз онро кушанд? Эй парвардигор, магар ҳамайи инҳоро худат халқ накардайӣ? Нисфе аз тухмайи Ҳурмузд ҳасту нисфе аз наҷоди Аҳриман? Ниме сапедбахт бошаду ниме сияҳбахт?…»
Дасти сарфавҷ боло шуд баландтар аз каллапўшаш ва гўши ҳама асбон чур гаштанд. Вале гўши Гули Бодом ҳамон зайл афтода буд.

пешина
аз 421
навбатӣ