Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Савор пиндошт, ки асб дард кашида ва ё нохушиеро пай бурда, ки чунин маҳзун ва бо дили нохоҳам сум мезанад. Гули Бодом асби худи Тўра ва ҳар дафъа савори ин ҷонвар аз Фарғар то Самарқанду Панҷакат меояду меравад; роҳро хуб медонад ў. Ҳар бори омаданаш Гули Бодом кишнаву ҷилва ва уштулум карда меояду меравад ва касони сари роҳ ва саворашро шинохта ҷониби ў даст меафшонанду табассум мекунанд; ба ишорайи сар ва дасти пеши бар салом медиҳанд ва ғурури кўҳистонийи Тўра боло гирифта андаке кибр мекунад ва бо сар андохтан ва ё гардан сўйи росту чап тофтан алейк мегирад ва гоҳи даст бар сина бурдан тозонааш даста ва чарми тофта ҷудо-ҷудо хам мешаванд. Он гоҳ ў андеша дошту шеър мебофт ва аз хусуси ҳамдиёрон фикр мекард ва ҳар яки онҳоро хуб мешинохту феълу атворашонро медонист; ҳасудону кинаварон ва нотавонбинонро нафрин мефармуд; нияти ҳар кадомеро медонист; баройи андак ҷой ё вазифа ҳама чизро қурбон карданашонро хуш надошт. Аммо ҳоло миёни асбу саворони зиёд роҳ паймуда андеша мекунад, ки онҳо гуноҳе, ҷурме надоштаанд, балки об аз сар гилолуд буда. Реша он тори азалист, ки якеро сапед ва дигареро сиёҳ мебинанд. Ҳама чиз аз боло ҳаллу фасл мешавад, кори поёнбудагон фитнабозӣ. Ва чунин фитнабозиҳойи аҳриманӣ аз хуни ҳаром бархезад…
Дасти боло шудайи Шатенин якбора хам хўрд ва гўши хамидайи Гули Бодом чур гашт. Нақибхон низ ҳушёр гашт, ки чаро асбаш баракси ҳаракатҳойи ҳазорбад рафтор мекунад. Ў нигарист ба гўши дигар сутурон, ки зайли Гули Бодом рафтор мекунанд ва ё бефарқ сум мезананд. Онҳо ягон ҳаракати зудгир надоранд, чунон ки ҳастанд, мераванд. Вале якбора пайи ҳам истоданд.
«Эшони Тўра намоз мегузоранд?»
Нақибхон аввал сарфаҳм нарафт ва ё ҳурфи ҳазорбадро нашунид, ки посух надод.
— Шуморо мепурсад…
— Маро?
— Оре, шуморо… Намоз мегузоред ё на?
«Аҷаб?» аз дил мегузаронад ў ва андеша дорад, ки намоз гузордан ва нагузоридани ў чӣ нисбате дорад ба лашкаркашийи эшон.
— На.
— На!
— На!
— На!
Посух медиҳанд даҳон ба даҳон Шатенинро. Бо вуҷуди он ў мефармояд, ки ҳазора пиёда шавад канори ҷўйбори роҳи Боғи Зоғон.
Боғи Зоғон яке аз боғҳойи ҳафтгонайи вилояти Самарқанд буда, канори роҳҳо обзадаву рўфта бувад чун кўчаҳо ва дари ҳавлиҳойи самарқандиҳо, ки бо вуҷуди кам будани обаш чунин тамизкорӣ шаҳру боғотро нафаси тоза ва серунӣ бахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор