Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Бузург шуд, аз афкори Зардушту Монӣ моя мегирифт, ҳикмату фалсафайи хешро пеш ронда, ба подшоҳ писанд кунонид; Маздак гўяд: «Мол бахшиданист миёни мардумон, ки ҳама бандагони Худованд ва фарзандони Одаманд. Бояд моли якдигар харҷ кунанд, то ҳеҷ касро бебаргиву дармондагӣ набошад…
Худованд ризқро рўйи замин, то мардум миёни хеш яксон қисмат кунанд ва ҳеҷ кас аз дигаре бештар набаранд. Лекин мардум якдигарро ситам мекунанд ва ҳар кас хештанро бар бародар афзал медонад. Мо мехоҳем, ки дар ин кор назорат кунем ва дороийи тавонгаронро баройи дарвешон бигирем ва он чӣ ағниё доранд, ба тиҳидастон бидиҳем.»
— Рафиқ шоир, моро гўл мапиндор! Мо низ медонем ин сафсаттаҳоро. Аммо худдорӣ карда, намегўем.
— Саҳеҳ…
— Вазифайи мо лаққидан набуда, беҳтарин ақидаҳоро ба омма фаҳмонидан аст. Он чӣ Маздак гуфтааст, мо амалӣ карданӣ. Ҳосили Инқилоби Бузург чунин бояд бошад.
— Саҳеҳ…
— Аз шумо барин сухандонҳо эҳтиёт бояд шуд. Инқилоб аз нўки хомайи шумо, оташи забони шумо аланга гирад.
— Инқилоб чизи хуб аст, рафиқ Шатенин. Олам тоза мешавад.
Сурати зишти дунёдорро дар ойинайи рў ба рў ҷилва медиҳад.
— Кӣ гуфтӣ?
— Рафиқ Шатенин…
— На. Он, ки коммунизм сохта буд.
— Сардори мазҳаби маздакӣ Маздак ном муғи нишопурӣ.
— Фарҷомаш чун буд? То куҷо расид?
— То ҷое, ки бар чоҳи фармудайи писари шоҳ Қубод Нўшервон то сина гўраш карданд ва бар гарданаш гаҷ рехтанд, то фушурда намояд…
— Баҳ-баҳ! Ба гуфти шумо: «Чоҳкан – зери чоҳ?»
— Бале.
— Он чӣ гуфтӣ, чӣ ҳикмат дорад, шоир?
— Бо шумо ҳамният будани ўро фаҳмониданӣ шудам.
— Ҳааа-а…
— Тақрибан чаҳордаҳу ним аср пеш он чиро гуфтааст, ки мо имрўз талаб дорем.
— Бовар дорӣ, ки чунин баробарӣ мешавад?
— Агар бовар надорем, ин корҳойи мо беҳуда.
— Ҷуз шоирӣ чӣ касбу ҳунар дорӣ?
— Сайёд ҳастам, вазифа ҳам дорам. Райиси кумитайи замини ноҳияйи Фарғар.
— Яъне, заминро медиҳӣ, мефурўшӣ…
— На ину на он. Бародарам Бобохон волийи волости Фарғар…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор