Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Волост дар дасти худамон бигўй…
— Ҳамин тавр…
Марди тозаяктаҳи озода пеш омад; ду даст пеши бар ба сўҳбати онҳо гўш медод ва намехост ва наметавонист, ки миёни сухан шиканад. Зеро ў Нақибхон Туғралро чун шоир мешинохт ва эҳтиромашро нигаҳ медошт. Нигарон буд, ки сўҳбати баҳсомези онон анҷом пазирад ва пас хоҳишашро пеш орад.
— Эшони Тўра, меҳмонро аз таги шипанг гузаронед, он ҷо серунтар аст.
Хоҳиши остондорро Туғрал ба меҳмон тарҷума кард ва ў бо лабханду ишорайи сар таманнойи хешро зоҳир намуда, чун расму русуми тоҷикона ва эҳтироми бузургсолиро намедонист, пеш даромад. Ва рикобдоронаш аз дунболи ў равона шуданд, ки дар чунин айём касеро ба касе эътимедӣ набуд. Агар шере сайде ба даст орад, рўбоҳ аз даҳони он рабуданӣ мешуд, каргас аз чанги рўбоҳ ва зоғ аз нўли каргас.
Шоири пурдони содадил андешайи чун то Фарғар расиданро дошт, ки боре ҳам чунин андеша ба сараш наомада. Зиёд омада рафт ва наъли Гули Бодом хўрда гашта аз суми он ҷудо мешуд ва савораш дари оҳангархонаро меҷуст. Он замонҳо ў дар сар андешайи шеърро дошт ва аз некўаҳволийи мардум меандешид.
Маҳфилҳойи адабию сиёсийи Самарқанд касро умедвор мекарданд, ки рўзе гиру дорҳойи олам бояд дигаргуна гардад. Вақтҳойи охир ҳамин ки Туғрал ба роҳ даромад, хоҳ танҳо бошад ва хоҳ ҳамроҳи Мулло Раҷабу Мулло Шариф, сўҳбатҳойи аъзойи маҳфилро бори дигар аз зеҳн мегузаронд ва хулоса мекард, ки олам дар рўйи об мелаппад. Аз ин рў ҷонварон ба якдигар зиёд дармеафтанд, то зўр камзўрро нобуд созад. Зеро пеш аз ҳама зилзила, тўфон ва қиёматро ҷонварон дарку эҳсос мекунанд…
Ва аммо савору асби зиёдро дар сари роҳи аробагард ҷой додан аз имкон берун буд. Соате пас дар роҳу раста чизе боқӣ намонд; асбону низомиён низ. Сагони бўйгир аз замин устухон мебардоштанд.
Ин ҷониб роҳи хока буд ва садойи наъли асбон барнамеомад. Сутурони андаке дам рост карда ва ягон даҳан беда гирифта ҳушёртар мегаштанд, вале Гули Бодом ҳамон буд, ки ҳамон. Савораш гирифтори андешаҳойи хеш буд. Аммо Шатенин ба фараси хеш эътиборе надода ва вазн бар зин андохта, шоирро ва донишу феълу атворашро муҳокима мекард, ки чӣ касест.
— Ҳама касони ин водиро донӣ-а, шоир?
— Гарчӣ ман ҳамайи ононро намедонам, онон бояд маро донанд.
— Аз чӣ рў? Бузургӣ?
— На! Ман ҳама умр ғами эшонро хўрдаам!
— Чӣ гуна?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор