Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Магар дар ин водӣ ҷуз ин кори тамошобобе набувад? Гўштӣ, бузкашӣ, пойгаҳ, кундаалоб хоси мардуми мо буд. Аз чӣ рў ин ҳама варзишу намойишҳойи миллӣ аз байн рафтаанд, маълум нест. Ҷойи гўштиро силаву гўштобӣ гирифта, ҷойи бузкаширо одамкашӣ гирифта, ҷойи пойгаҳро дасисабозӣ ва ҷойи кундаалобро росто паррондану шамшер задану дор кашидан ва оташ задани маҳалҳо. Ин кундаалоб чӣ базмест, куҳанкасон донанд. Донанд, ки гирди он чӣ базму шодмониҳо шавад ва чарс-чарс аз кундаҳо оташ паридану шарорабор гаштан чӣ намойишест, худо донаду бинанда. Ҳолиё агар оташе афрўхта гардад дар он одам сўзад. Пас тамошо кунӣ, ки каси зиндаҳаёт чӣ гуна дар он оташ сўзад; ана рақсу ана овоз…
Эй аълами оламиён! Пас пургуноҳтарин мардум кўҳистониёнанд, ки ин қадар ситам бар сарашон меафтад. Оё дониста кунӣ чунин, ки асилзодагони бошараф аз худ нараванд, соҳибашонро аз ёд набароранд, гоҳ-гоҳ ба худ оянд ва бадкорӣ накунанд?
Шояд аз ин ҷо бошад, ки мо худамонро шинохта натавонем ва дигарон аз кишварҳойи дур саёҳат омада, моро санҷанду омўзанд ва дону нодон кашф кунанду баҳо диҳанд. Магар фарзанди туро хубтар аз худат касе донад ва ё ба дидану санҷидану омўхтан кас дониста шавад? Шояд! Шояд зоҳири чашмнамойи ў, рафторҳойи узвияш омўхта гардад, аммо ботин ва дилу нияти ўро ҷуз соҳиб касе надонад; ҳатто падар фарзандро ва фарзанд падарро. Падар гуноҳу кирдори бади писарро гоҳе медонад, ки ў аллакай содир кардааст.
Пас аҷнабиён чаро моро ин қадар зиёд омўзанд? Оё эшон аз чашми парвезани дод гузаштаанд, ки имрўз моро омўзанд? Худовандо! Ман ҳеҷ чиз нафаҳмам! Фармудайӣ, ки ба ростӣ бунёд кунанд оламро, вале касон ба дурўғ поя гузоранд ин саройро. Чӣ ҷойи омўзиш, ки гуноҳи хеш ба дўши беҷурмон андозанд?
Худованд, сарам метаркад, мағзаш пош мехўрад…»
— Гўристони доманадор…
— Бале, рафиқ Прохор. Порина аскарбаччаеро дар ҳамин ҷо кушта буданд ва комиссари ҳарбӣ қатли ом фармуда буд…
— Да-а?
— Да! Ҳоло шумо диққат кунед, ки гоҳи аз ин деҳа убур кардан ҷонзоде мебинед…
— Да-а… Бойиси ташвиш. Ин ҷо бояд бозистод ва мардумро тасаллӣ дод.
— Дар ин деҳкада касе нест, рафиқ Прохор.
— Мо мефармоем, маҷбур мекунем, мардумро баргардонида меоранд.
— Онҳоро баргардонида нашавад. Ҳамаро қатл карда буданд.
— Пайдо мешавад. Пайдо нашавад, русҳоро кўчонида меорем.
Ин хел ҷоро бекас мондан хуб нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор