Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Нисбат ба ҳавойи Самарқанд ҳавойи Саразм серунтар ва форам.
Аз сари баландийи роҳ дарёободи он ҷо метобад ва хеле сарсабз аст. Аз бозе ки бешабони русӣ ин ҷо омадааст, касе ҳадд надорад, ки ях шохи дарахтро беҷо кунад. Сабзу хуррам гашта беша.
— Дар ҳамин беша Спитамони Суғдӣ захмдор карда буд Искандари Мақдуниро.
Шатенин эътибор надод ба ҳарфи шоир. Ҷондораш тотори сияҳмўй фармуд:
— Шоир чизе фармуд!
— Чӣ гуфт?
— Дар ҳамин беша Спитамони Суғдӣ захмдор карда буд Искандари Мақдуниро.
— Да-а? Александр Македонскийро донам… Аммо Спитаменро… На… А-а-а… Роксана! Спитамен – Роксана! Донам.
— Ана дар ҳамон бешайи сабз. Аз шонааш тир хўрд… Гурехт.
— Чӣ гуфтанӣ ҳастӣ?
— Дар ин роҳҳо эҳтиёт бояд шуд.
— Ту эҳтиёт бишав шоир. Мо чӣ кор карданро медонем. Ба гумонам дар гўристон аскарбачайи русро кушта ба «қатли ом»
гирифтор шуданашонро фаромўш нахоҳанд кард. Ҳамон дарс набуд?
— Дарс буд. Аммо одамӣ шири хомхўрда.
— Мммда… Ҳар кӣ бовар ба шумо кунад, фан хўрад.
— На, дўстам Прохор. Кўҳистонӣ дили соф ва нияти пок дорад.
Дўстӣ кунӣ, чун гурба дум ликконад. Вале гоҳе ки думашро пахш кунӣ, фаххх гўяд. Кўҳистонӣ барбеҳуда ба касе кина нагирад.
— Мо донем кўҳистониҳойи туро, шоир. Ду ҳамсоя ҳеҷ гоҳ бо ҳам соз нагиранд. Фўки ҳамаш чухт. На худоро шиносанд, на худододро.
Нақибхон ба андеша рафт. Бинийи бузургаш дамид. Дар чунин ҳолат лабаш низ ғунчаву дўр мегашт ва ў аз касе ранҷида ва ё норизо гашта, танбеҳ доданӣ мешуд, ки рафтораш аз рўйи адолат ва инсонӣ набуда. Чунин касонро ноаҳл медонист ва то шираш фуромадан бо он касу нокас ҳамсухан шудан намехост. Вале дар борайи чунин касон зиёд андеша мекард ва «чаро-чаро»-и зиёд мегуфт дар дил ва мепурсиду андеша мекард, аммо ба таги сухан ё маънӣ намерасид, ки чаро? Пас рўй ба осмон оварда хитоб мекард: «Эй фалак!» Ба гумони ў ҳама чиз аз дасти «фалак» аст.
«Сипеҳри бемурувват» сахтгир бувад инсонро. Инсони хомхаёл аз Худо домангир мешавад ва эроду нокомиҳояшро ба инсон мегўяд.
Нақибхон нахустин бор аз ҳамайи ин унвонҳо даст кашида, якрост ба Худованд рў овард: «Эй Худойи бузург, аз худат ҳамааш, вале чаро мефармойиву моро имтиҳон мекунӣ, намефаҳмам. Магар инҳо бе хости ту ба ин сарзамин меоянд? Магар пешиниён низ бе рухсати худат омада буданд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор