Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Пуламон диҳанд, ҳама корро мекунем.
Мирбобо ин таънаву кинояро ба худ гирифт ва хаёле инони асбашро кашид. Гули Бодом пеш рафт. Асби ў бозистод. Нақибхон чанде ҷилав рафта садойи суми асби ҳампоро нашунид, низ лигом кашид. Баргашта дид, ки Мирбобо аллакай сари асбашро пас гардонидааст. Азми бозгашт дорад. Зуъми Нақибхон гирифт, ки ба ў рў наоварда худ боло равад ва сароби хунинро пайдо карда хабар орад, аммо аз чашми тезбин ва хунини замон бим карда, сари андеша андохт ва ғурури кўҳистониаш иҷозат надод, ки рўй панаҳ кунад аз бозиҳойи замину замон. Ду асб рў ба ду ҷониб гардонида, пуштбаҳам, қаҳрӣ меистоданд ва гўши ҳар ду хамида тозиёна, пошна ва ё маҳмезеро нигарон буданд, ки ба худ омада, гўш бардоранд. Мазмун, ҳар ду савор низ ишора, муроҷиат ва ҳойи якдигарро гўшдор буданд. Вале садое наомад.
Нақибхон сарафзор афшонда Гули Бодомро ба канори об роҳ намуд ва пиёда аз бора гашта, сурхобро рўйи каф гирифт ва хеле бодиққат аз назар гузаронда ва чанд бори дигар об бардошта, рехта, дида ба даст дўхт, ки ранге боқӣ гузошта ё на, пасон ду ангушт ба ҳам сойида, гил ё хун буданашро муайян карданӣ шуда дуру дароз таваҷҷўҳ кард, бўй кашид, вале чизе муайян карда натавонист. Аз сатҳи об болотар рахҳойи дар сангҳо нақш гузоштаро низ нохунтарош аз назар гузаронд ва надонист, ки чист.
«Афсона…»
Баробари ба пас нигаристани Гули Бодом Нақибхон низ нигарист. Асби гўшхамидайи Мирбобо хеле ҳушёр, гўшҳо сих дошта менигарист сўйи онҳо.
— Ман медонам, ки шоирон кинаву бухл надоранд, аз роҳам гаштам… Ман ҳам мисли шумо; кинаро дар дил роҳ намедиҳам.
Кина чизи бад. Дар китобҳойи қадимӣ, дар ашъори шоирон низ омадааст, ки кинаву бухлу ҳасуд кори шайтон аст.
— Ба шумо чӣ шуд, ҷаноби Мирбобо?
— Ба ман чизе нашудааст. Каме аз шумо дур гашта, андешидам, ки одамӣ умри чандон намебинад, ки нисфи зиёди онро ноҷову нохуб гузаронад.
— Ба назари ман баройи инсон ҳамин қадараш ҳам зиёда. Агар ў ду баробари умри дидааш рўз бинад, боз чӣ корҳое кунад.
— Шумо аз кас ва аз рўзгор ранҷида ҳастед, шоир.
— На, ман ранҷида нестам, аммо маро меранҷонанд, лекин ман ба онон эътибор намедиҳам.
— Ба киҳо?
— Ба онҳое ки муродашон ранҷидани ман аст.
— Магар шумо душман доред?
— Ман намедонам, касе худро ба ман душман вонамуд накардааст, аммо баъзеҳо мегўянд, ки душман зиёд дорам ва онҳо дар пайи ман афтодаанд. Оё шумо… шумо, ҷаноби тарҷумон, ки аз ҳама сирру асрор воқиф ҳастед, шунидаед, ки касе нисбати шоир бадгўйӣ карда бошад?

пешина
аз 421
навбатӣ