Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На. Ман аз забони касе чизе нашунидаам. Аммо шудааст, ки баъзе чизҳоро аз номи шумо ва аз номи дигарон баргардон кунам.
— Масалан?
— Масалан, ахбори шуморо дар борайи шўриши масчойиҳо дидаам. Хеле муфассал ва бо сўзу гудоз арза доштаед, ки Султонбеки Палоракӣ мири Масчоҳ шуд ва мардум зулми сетарафа мебинад, фарғариҳоро масчойиҳо дар азобу шиканҷа монондаанд.
Дастаҳо тохт меоранд, моли мардум мерабоянд ва бисёр чизҳойи дигар… Саҳеҳ?
— Саҳеҳ… Лекин бодиққат хонда, тарҷума карда бошед, дар он ахбор ғараз, кина, одамфурўшӣ ё ноҷавонмардие нест. Ҳар чӣ ҳаст, аз номи халқ, баройи мардум аст.
— Бале. Лекин ноогоҳон, ки аз таги кор хабар надоранд, то мўйро аз хамир ҷудо мекунанд, ки обҳойи зиёд ҷорӣ мешавад.
— Ташаккур, ҷаноби Мирбобо. Аз ин ҳамравӣ ман бурд кардам. Чунон ки арз карда будам, мардуми Кўҳистон як ҳарфро аз содагӣ ва дилу нияти соф мегўянду паҳлўҳойи онро андеша намекунанд… Ҳол он ки як сухан се саду шасту шаш паҳлў дорад.
— Бале… Ман ҳам чунин андеша доштам. Худатонро дида ва шунида, яқин кардам, ки содакориҳо зиёданд.
— Мо содаем-э, моюн сода… Рўмо сиёҳ, ба ҷойи он ки шумо, меҳмони азизро, ман сари дастархон кунам, қад-қади об оворатон мегардонам.
— Аз ин хусусҳо андеша накунед. Ҳар кор вақту соат дорад.
— Ҳо рўйи ман сиёҳ, бахудо, ба шумо айб шуд.
— На-на, мо сароби хунинро аниқ кунем, корҳо хушрў мешаванд.
Гўши асбон чур гашта ба қадоба нигаристанд. Аз болотар садое омад: «Их!» Баъд харсаворе пайдо шуд.
— Саломун алайкум!
— Ваалайкум салом!
— Аз болооб меойӣ?
— Не, аз Дуоба.
— Кўлҳойи Ҳафткўл низ чунин хунинанд?
— Не, дар боло об тоза. Мегўянд, ки аз тангӣ сар мешавад.
— Дур?
— Не. Болотар аз Чорбоғ.
— Аз чӣ аст ин?
— Надонам… Гўянд, ки баъди қатли оми порсола чунин шуд.
— Дида шавад?

пешина
аз 421
навбатӣ