Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Чун карҳо дандоннамо табассум кунад, фаҳмида, нафаҳмида сар афшонад. Туғралро расад, ки дониста чунин рафтор кунад.
Туғрал гандумгуни дар офтоб пухта, мўяш сиёҳи сапедӣ афтода, ришаш кўтоҳи риндона ва мошубиринҷ. Қоматбаланд. Биниаш бузурги варамида; суханаш димоғӣ мебарояд. Чашмони тези бозигар дорад, танҳо гоҳи андеша ва фикр андаке қарор мегиранд, дигар ҳама вақт чизеро меҷўяд. Теззабон, тундгўй, бериё. Хешро аз дигарон бартар медонад ба сабаби донишаш. Фақиронро дўст дорад, мутакаббиронро сарзаниш кунад. Дар роҳи дур тори асб ҳам китоб хонад ва шеър замзама намояд; гоҳи шикор, ки хунаш давида, фикраш кушода ба ваҷд меояд, шеър гўяд ва дар хотир нигаҳ дорад. Зери манаҳ пушти нохун барин песа пайдо шуда, ки риш ҳам пинҳон карда натавонад. Гоҳ, бо ягон каси мўътабар рў ба рў шавад, андаке хиҷолат кашад аз он холи сапед, ки мардуми камдон онро «пес» маънидод кунанд ва ҳазар.
Ҳолиё чашми Мирбобо бар он афтод ва хешро ноҷўр пиндошт; танаш андаке ларзида, аз дилаш гузашт: «Махав». Ҳарфи нўки забонаш гум шуд ва хам шуда як каф об гирифтанӣ шуд, вале аз он оби хунин ҳам ҳазар кард. Дасташ ба об расам-нарасам бозистод: «Пас чаро мардум ин касро зиёд эҳтиром кунанд?
Баройи аз авлоди Хоҷа Аҳрор буданаш, баройи донишмандиаш, ё баройи шеъраш?»
— Ҷаноби шоир, аз чӣ рў мардум шуморо дўст дорад?
Туғрал ба ҷойи посух китфон дарҳам кашид ва дид, ки тарҷумон ба об нигоҳ карда мепурсад, бори дигар китфон фишурд.
— А?
— Надонам сабабашро. Шумо, ки шунидаед чунин ҳарфро, сабабашро низ бояд шунида бошед.
— На, нашунидаам…
— Шояд аз он бошад, ки аз наҷоди сайидҳо ҳастам…
— Аз авлоди сайидон?
— Оре, халқ ин чизро бартар аз шоирӣ медонад.
Мирбобо низ, ки камтар ё зиёдтар аз авом набуд, бархоста пеш омад ва песайи ўро дастмол кард.
— Мардуми тотор низ дўст доранд чунин касонро.
Рост ё дурўғ, Туғралро хуш омад чунин рафтори ў, ки баъзе муридон аз ҳад меҳрашон тобад ва тўраро сахт пазмон шуда бошанд, песайи ўро мебўсанд. Ҳоло шоир тарҷумонро ба онҳо баробар кард, вале дилаш раг зад ва ба худ омад, ки кори хуб нест ва дигар нагузорад чунин рафторҳойи содалавҳонаро.
— Ман аз шумо миннатдор, ҷаноби тарҷумон, инсони шариф ва аз аҷдоди бонуфуз метобед. Ҳарчанд шуморо танҳо гузошта ба кўҳ рафтанӣ будам, нашуд. Андешидам, ки дар чунин замони дарҳамбарҳам, худо накарда, ба пойи шумо хор халад, дар олам тухми кўҳистонӣ намонад. Хубаш, ҳамроҳ баргардем ба урдугоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор