Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На, баройи ман шуда шуморо ҷазо надиҳанд, аммо баҳона шуданаш аз имкон дур нест. Оқилона фикр кардед. Бармегардем.


— Пайдо кардед?
— Бале, командир!
— Хўш?
— Ҷояш муайян шуд, рафиқ командир, аммо дидан имкон надорад.
— Чаро?
— Дар тангное, ки роҳи гузар надорад.
— Боз дунёйи афсона: албатта дар он тангно аждаре ҳаст ва роҳу гузар надиҳад.
— Ҳамин тавр, рафиқ командир.
— Аждар кай пайдо шуда?
— Равшан нест.
— Кӣ гуфт ин ҳамаро?
— Дар он ҷо ҷонзоде нест. Харсаворе мегузашт, боздошта пурсидем, чунин посух дод.
— Кай об хунин шуда?
— Баъди «қатли ом» гуфт.
Прохор Иванович ба об нигарист. Ба назар об ранг дигар карда буд; гулобӣ.
— Чӣ кор кардед?
— Ҳеҷ кор, Прохор Иванович!
— Нигаред, об ранги худро дигар кардааст.
— Магар даму нафаси эшони Тўра ягон илоҷе карда бошад?
— Кадом эшони Тўра?
— Рафиқ командир! Нақибхон хостанд, ки дар он тангно монда, қурбоние кунанд, то ҳама корҳо хуб шавад, вале ман ба ҷону ҳолашон намонда ҳамроҳ овардам. Баъд ба рўҳи мақтулон дуое карданду қиссайи обро ба забон оварданд ва аз Худованд дархост карданд, ки гуноҳи ҳамаро бубахшад. Шояд аз ин ҷо бошад?
— Шумо, хурофотпарастон, дар ҳама ҷо намойиш ташкил мекунед. Чизҳое бофта мебароред, ки худи Худованд ҳайрон мемонад.
Ман шуморо фиристодам, ки дониста биёед, ин ранги хун аст ё ранги гил?! Шумо аз аждару қурбонию оят қисса бофта овардед.
Ана, нигоҳ кунед, худ аз худ, ранги об…
Сухани сарфавҷ дар даҳонаш монд: оби гулобӣ лоларанг шуда буд ва хеле тез ҷорӣ мешуд. Ў ба об менигаристу ба Туғрал, ба Туғрал менигаристу ба об ва чӣ гуфтанашро намедонист: «Магар ин шоири соҳир боз коре кард?»
— Ман чизеро намефаҳмам, шоир!

пешина
аз 421
навбатӣ