Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Оре, шумо набояд…
— Чӣ-ӣ-ӣ?!
— Фаҳмиши шумо дигартар аст нисбат ба фаҳмиши мо.
— Чаро?!
— Шумо сардор, шумо хондагӣ, харитайи олам дар дастатон, дар куҷо чӣ ҳаст, медонед; ба куҷо чӣ гуна пой ниҳоданро андеша мекунед, мисли мо ба ҳавойи пой намегардед. Шумо чун Искандар оламгир мешавед, номатон дар таърих хоҳад монд. Дар радифи номи шумо номи мо низ шояд бимонад.
— Мефаҳмам маънийи ҳарфҳойи туро, шоир: гуфтанӣ ҳастӣ, ки дар қатори номи шоир номи ҷанговарон ҳам монад. Шоир поъир намемонад!!!
Мирбобойи тарҷумон як қад парид, ки шоир Туғралро ба чанд нағмаву мақом ва ба гап дароварда овард, Прохор Иванович баракси ваъдаҳойи ў рафтор карда Нақибхонро ангехтаву олуғда карданист, оқибат чӣ шавад.
Туғрал ба танг омада, алам аз Гули Бодоми кишнагар гирифтанӣ шуда сарафзори онро паст мекашад, то сар хам кунад, аммо ҳайвон бесабаб сар боло кашида мефиркад ва бинӣ меафшонад, гўш чур карда дастак ба замин мезанад ва пас-пас рафтан мехоҳад.
— Прохор Иванович, шоир омаданӣ набуданд, ман бо илтиҷо…
— Чӣ?! Омаданӣ набуд? Гурехтанӣ буд?!
— Не! Истода, қурбонӣ карда, илоҷи ранги обро ёфта, омада ба шумо муроҷиат карданӣ буданд. Ман шумо дар ин хароба маъталу дилгир нашавед, гуфта, ин касро гирифта омадам. Раҳораҳ ба ранги об менигаристем, ки дигар мешавад, хушнуд будем, ки командир шодмон мегарданд.
— Ин аст ранги дигар кардаат?!
Прохор Иванович баъди доду ситез ба об нигарист ва ранги онро ба ранги муқаррарӣ дида ҳайрон монд ва боз рў ба Туғрал овард:
— Шоир, чӣ нағма мекунӣ?!
— Ин нағмайи ман нест. Кори Парвардигор, ки ба ҷаҳлу ситези шумо ҷавоб мегўяд.
— Чӣ-ӣ-ӣ?!
— Ман пойбанди шумоям ё чун раҳнамо ҳамроҳӣ мекунам?
— Модом ки маълумотро ту додайӣ, модом ки намояндайи ҳукумат ҳастӣ, туро ба мо ҳамроҳ кардаанд, бояд итоат бикунӣ.
— Аз ҳарфи шумо берун баромадам?
— Омаданӣ нашуда, он ҷо монда ҷодугарӣ карданӣ будӣ?!
— На. Ҷодугарӣ на, кушойиш. Бинед! Ба об нигаред!

пешина
аз 421
навбатӣ