Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ё худ бо Осипови фирорйи андар Масчоҳ маскан гирифта ва хешро сарвар ва ройсози «ватандорон» эълон карда.
ашки Хушк
Майдони Регистони Самарқанд. Қозийи вилоят Исохон ва муфтиву муллоҳо ва думбардорону хидмагузорони «Шўройи ислом» рафтор, тараддуд ва ҳаракате доранд, ки одатан дар рўзҳойи иди бузург ва пазироийи меҳмонони беназир мекунанд. Дар рў ба рў мадрасайи Шердор ва рўёрўйи он ду қабр: яке қабри кўҳна
– гўри Қассоб ва дигаре гўри тозахоки Шамсиддин Иброҳимзода.
Мардумони таҳҷойӣ ва баъзе аз роҳгузарон майли сари мазор омадан доранд, вале посдорони қозӣ ва «Шўройи ислом» нагузоранд. Онҳое, ки аз рафтори майдонбудагон чизе дарёфтаанд ва ё пай бурдаанд, баногўшӣ ва миш-миш доранд, аммо касе намешунавад, ки чӣ мегўянду чӣ мешунаванд. Туғрал ҳам майли сари гўри Шамсиддин рафтанро дорад, вале роҳи гузар намедиҳанд.
Рўзи гўру чўби ин марди мунавварфикр шоир набуд, то бинад, ки пораҳойи ҷасади ўро аз ҳар куҷо дарёфта, дўхтаву васл карда, ба қолабу сурати одам дароварда кафанпеч рўйи кўрпача бар тахтаву тобут хобонда оварданд ва бо тахта чун ба лаҳад ниҳоданд. Баъд қиссайи қатлу узви бадан ҷамъ овардану ба хок супоридани инсони хубу донишманд, фаъоли роҳи наҷоту озодиро шунида фиғонаш баромад ва ашкаш фарши дўкони усто Раҳмонқули мошиначиро тар кард.
— Кӣ кушта Шамсиддинро, усто?
— «Шўройи ислом» кушт, «Иттифоқ» мурдаашро пора-пора пайдо карда, канори майдони Регистон гўронд; рамзи озодӣ.
— Кушанда кист?
— Аз Баҳриддин Оқсақол гумонбар шуда ҳабсаш кардаанд.
Туғрал сар андохт ва ашк сутурд ба нўки остини яктаҳ:
— Дареғ… Дар ҳар табаддулот беҳтаринҳо, донотаринҳо ва хубтаринҳо миранд.
Ва ҳолиё зиёрати гўри Шамсиддин Иброҳимзода бо он рост омад, ки роҳҳоро баста қозиву муфтӣ, эшони Тўра ва думбардорони онон омадани кадом меҳмони олиқадрро нигарон буданд.
Роҳ ва майдони кушодро бурида гузаштан имкон надошт, зеро таноб кашида буданд гирдогирд ва сарбозони шиносу ношинос сўттаҳо дар даст таҳдид бар вайронкунандагони тартибот доштанд.
- Зайсев аз казакҳойи сафед, ки дар саҳни мадрасайи Бибихонум қозикалон Исохон тойифаро зиёфат дода, ҳама сирру асрорро ҳувайдо сохта ва хешро ба аҷнабиён фурўхта ва бо талаби «Шўройи ислом» Баҳриддин Оқсақолро аз маҳбас озод сохта, ба Бухоро гурезониданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор