Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоир, ки тоза наздик омада буд, майли гузаштан кард сўйи гўр ва таҳқир шунид:
«Ай кўҳистонӣ, қойидаву қонун туро эътибор надорад?»
«Агар эътибор медошт, аз Кўҳистон ба шаҳристон меомадам?
Ба зиёрати мазори Шамсиддин омадаам!»
«Баргард, то ҳамхобайи Шамсиддин нагардӣ!»
«Ту чӣ фармойӣ, тиррончак?! Эшони Тўра манам, роҳам кушода ба ҳама олам! Кулаҳхўд бар сар ниҳодӣ, баъд ба ҳама кас ҳукмраво ҳастӣ?»
«Ман як эшони Тўраро шиносам, ки ҳўўў дар паҳлўйи қозӣ Исохон. Дидӣ? Дасторашон як ман. Саллайи сари ту лонайи мусича барин.»
Шоирро сахт расид, ки ҷавони навхати ноогоҳ чунин гуфтор кунад бо ў: «Ба Худо супурдамат…»
— Лаббай?!
— Худо бузург аст, мегўям.
— Ҳааа-а…
— Ҳоҷати пурсу посухи мо набувад, Ў ҳамаро бубинад.
— Ҳааа-а…
— Оқпошшо меояд, ки ин қадар…
— Нағз намедонам, ҳамин хел «оқпошшо» ё «сафедҳо» лақаб дорад.
Гирди танобу растаҳоро одамон пур кунанд дониставу надониста ва саргўшиҳо зиёд шавад. Сўйи гўри тоза нигаристану ангушт рост карда гуфтанҳо ба чашм расад. Пасон ба афсўс сар ҷунбонидани касони раҳмдил диққати касро ҷалб кунад. Пиндорӣ, ки онҳо ба д-он хотир омадаанд, ки дар борайи Шамсиддин Иброҳимзодайи бегуноҳ кушта чизе, маълумоте шунаванд ва кушандаву сабабҳойи қатли ўро донанд. Вале ваҷоҳати қозӣ ва тўра шодмонӣ дорад, на рўҳи ғам.
Растайи нави Регистонро низ бо расан кўчабоғӣ сохта буданд ва девораш на аз сангу хишту гил, балки аз ҷонҳойи зинда буда, кашол меёфт то роҳи азим, ки аз байни Шоҳи Зиндаву расадхонайи Улуғбек убур карда бо шоҳроҳи Хуҷанду Чочу Қўқанду Фарғона мепайваст. Ва ду канори воридгоҳи майдонро қозиву тўра сарҳалқа гаштаанд. Қозӣ либосҳойи фохири идона пўшида, дастор бузургтар гузошта. Зеро хатмкардайи мадрасайи Бухоро, ки мартабааш зиёдтар бояд бошад. Кибру ғурур ва салавоти ў чени илмаш, вазифааш ва мартабааш буд; қозӣ дар ҳар маврид мекўшид, то ҳамин чизро намойиш диҳад. Бо тамкин, вале бо ғурури зиёди ботинӣ оҳиста тасбеҳ аз зери остини чап мекашад чунон ки бедонабозҳо вартишро. Як нўги тасбеҳ қасдану сохта, шулупӣ лағзида ҳамойил мегардад ва ў дона мегардонад зери лаб зикр карда. Ва аммо кас надонад ва нафаҳмад, ки зикри ў бар чист. Зеро гарчи лабонаш меҷунбанд, ҳушу ёд, нигоҳ ва андешааш дигаранд.

пешина
аз 421
навбатӣ