Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нафаре гуфту гузашт. Туғрал аввал сарфаҳм нарафт, ки ў чӣ мегўяд, пасон рафтори бо қозӣ кардаашро пеши назар оварда аз паси роҳгузар шуд ва дарёфта аз зери кашаш дошт:
— Бубахшед, чӣ нонағзие кардам?
— Шумо бад ба касе накардед, ба худатон нохуб кардед. Бо арбоб баҳс кардан хуб нест. Шумо аз дур омада, шарту шаройити Самарқандро намедонед. Як мисол мегўям, худатон дарёбед. Як бор ба он сў нигаред: ду гўр: яке нав дигаре кўҳна. Хоки гўри кўҳнаро бод намекунем, аммо Шамсиддин чӣ гуноҳ дошт? Мешинохтед ўро?
— Мешинохтам.
— Пас хулоса бароред.
— Бубахшед! Шуморо фармуданд, ки …
— Нееее… Маро кӣ мефармояд? Худам машрабмаоб ҳастам, ҳама чизро пешакӣ дарк мекунам ва бисёр дидаам, ки бо инон баҳсу талош карда касе рўз надидааст. Ба гўри Шамсиддин Иброҳимзода нигаред, ҳама чизро хоҳед дарёфт.
— Ман бо онҳо баҳс накардаам, бародар, хоҳиш кардам, ки чун раҳгузар ҳастам, иҷозат диҳанд, ки роҳро бурида гузарам ва мазори Шамсиддинро зиёрат кунам.
— Ман наздик будам гоҳи сўҳбататон, аз ин рў мегўям фарҷоми корро. Қозӣ сипоҳ. Нодида ва ношунида гирад, аммо аз паси кор шавад. Ҳоло сайде раҳо нагашта аз доми ин сайёди аҷал. Дареғи Шамсиддин.
— Хидматгузорон низ зиёд дорад?
— Дорад. Боз гумон накунед, ки ман ҳам аз он хидматгузорон ҳастам.
— Агар худатон намегуфтед, ақли ман ба ин чиз намедавид.
— Не-не! Чунин мапиндоред. Ман Фаррух, аз шогирдони усто Раҳмонқули Урметанӣ.
— Эҳ, додарзодайи худам будаед-ку! Воло монандед; нигоҳатон худди нигоҳи усто Раҳмонқул, гапзаниҳотон ҳам. Шумо, ки дар маркази вилоят ҳастед, гўед, ки чӣ масхарабозиҳост?
— Ин чизро парвардигор донаду шаҳрдору қозӣ ва амири Бухор.
— Вале ман зиёд мехоҳам, ки сабаби марги Шамсиддинро донам.
— Марги Шамсиддинро зарурате ба сабаб набувад; аз рўйи нақша бояд касе қурбон мешуд.
— Чун?
— Баройи тарсонидани чашми иттифоқчиён якеро бояд чунин бо шиканҷа нобуд месохтанд. Шамсиддин, ки муқаддамтар аз дигарон буд, ўро интихоб карданд. Ба назарам кор бо ҳамин анҷом намепазирад, як-як – осиё ба навбат бисёр касон нобуд мегарданд. Шояд шумо дарак надошта бошед, дўкони усто Азими шонатарошро сўхтанд, дўкони оҳангарийи усто Мухторро вайрон карданд ва бисёр корҳойи дигар; ҳатто шояд надонед, ки Саломатхонро баройи рўй кушода ба кўча баромаданаш шогирдони худотарси мадраса паси сайисхона ҳашар карданд, куштанд ва зери пору гўрониданд.

пешина
аз 421
навбатӣ