Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин чӣ рўз аст, ки офаридгор ба сари махлуқонаш бор карда? Чӣ зарурате бошад, ки одамизодаро ба дунё оварӣ ва пур азобаш диҳӣ? «Ман зиёд шунидаам овойи модаронро: «Агар медонистам, ки чунин мешавӣ, вақти ба дунё омаданат хафа карда мекуштамат.» Ай Худо, сиёҳтар аз ин рўзе ҳаст? Шояд бошад.
Аммо ман надонам. Инро модарон донанду фаҳманду дарку эҳсос кунанд. Вале аз шунидам; пора-пора узвҳойи Шамсиддинро ба ҳар гўристон ва камарҳойи Афросиёб гўр кардан сиёҳтарин рўзи инсон бувад. Магар аз дасти ин каси донову нуктасанҷ ва ба ору номус меомад, ки «Шўро»-и эшонро воруна созад? Худоё, маро низ бигир, то дигар ранги хунро набинам… Дигар барбеҳуда куштани фарзанди одамро набинам; дигар васвасайи аҳриманӣ чира наояд бар кирдорҳойи раҳмонӣ. Ба назар ҳама кори раҳмонӣ кунем, аммо боло гирад кирдорҳойи шайтонӣ. Магар ин, ки мекунанд дасторҳойи якманиву бистгазӣ бар сар, аз донойист? Агар андар он каллаҳо чизе буд, ин қадар матоъро набардошта буд.
Балки чун дили инсони боор ба танг омада, кафида буд ва ё ин бори ногунҷон, ки гоҳи аз дари хона даромадан соҳибаш кунад, аз сар бардошта буд ва оҳи сабук кашида, сари теғтарош дастмол карда буд… Парвардигоро! Ба омадани русҳойи кўҳнаву нав кордор наям. Донам, ки лўбиёву каду ҳастанд. Аммо кирдорҳойи ношойистайи инҳоро дида, қасдан ба роҳе меравам, ки инсони солим чунин рафтор накунад. Чун фохирпўшон «сафед» гуфта марзу бумро ба душман пешниҳод карданӣ ҳастанд, мо «сурх»
гуфта кулбайи фақиронайи хешро ҳимоя кардан мехоҳем. Вале гумон надорем, ки ҳар ду ҳам ватанфурўш ҳастем. Ба хотире, баройи чизе марзу буми хешро ба бегонагон пешкаш кунем ва ғулом гардем. Шояд инсон дониста кунад чунин кирдорҳоро, ки дунё якранг нахоҳад монд. Бисёр дидаем ва медонем, ки забардасти ҳар дастро дасте офарида. Гетихоҳон буданд, ҷаҳонгирон буданд ва ҳама хок шуданд ва марзу бум бумдорро монд. Тифли гаҳвора ватандор шуд. Соҳиби мулк худат ҳастӣ, Парвардигор!
Дигар ҳама ботил. Ва ман чаро мушт ба дарафш занам? Сабр бояд кард. Ё қозӣ донотар аз дигарон аст ва ин нуктаро донад, ки бо нону намак бипазирад душманро, то замоне ё дар лаҳзае рўйи хотир кунад, пос дорад маззайи нону намакро? Эй Холиқи ҳақ, гардам бандаҳойи бешуморатро, ки онон ҳазор ранг бошанд ва анҷом диҳанд як корро! Фидойи ту бошанд ва гиламанд, ки чаро Худойи Бузург ҳама замонҳо зўру зўрон оварад ба сари мо?
Аз дуриҳо, аз ҳамсояҳо, аз худиҳо?
Ё аз худи мо гузарад? Ношукру носипос худамон бошем? Қаноат накунем додаро? Шукр нагузорем бударо? Гила аз Офаридгор кунем; ҳама умр домони бахт раҳо созем, вале гиребони якдигар гирем…»

пешина
аз 421
навбатӣ