Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ҷавоне бо номи Саъдулло аз гурўҳи «Иттифоқ» талош дошт, ки ба минбар барояд, аммо телаву шатта карда пас гардониданӣ мешуданд. Ва ў дар поғундайи тахт сахт аз сутунчае дошта фарёд мезад, ки ақаллан нафаре ҳарфашро шунавад.
Саъдулло: – Қозӣ Исохон! Як маротиба мулк, ватан ва мардумро фурўхта, ҳамаро ғулом гардонида будед, писанд нашуд, ки боз… (даҳони ўро доштанӣ шуданд) ки боз ба казакҳойи сафед мефурўшед?! Дар Русия ҳокимият ба дасти Ленин гузашт! (Даҳони ўро бастанд, аз гулўяш хафа карданд ва ба паст кашиданд.) Туғрал худдорӣ карда натавонист:
«Эй қозийи давр, аз ту пуркортарем!
Бо ин ҳама мастӣ аз ту ҳушёртарем!
Ту хуни касон хуриву мо хуни разон,
Инсоф бидеҳ, кадом хунхортарем?!»
Усто Фаррух саҳл монда, ки фарёд занад. «Шумо якравӣ накунед, Тўра. Аз дасти ин ҳамафурўш ҳар кор меояд… Гардед…
Рошед…»
Вале Туғрал рафтан ва ё нарафтанро надониста музтар монд ва ҳодисаву воқеоти зиндагиро аз лавҳи хотир мегузаронд ва ба хулосае меомад, ки дунё ҳеҷ. Месохтаанд ҳамаашро: баройи рўз гузаронидан ва боз як шаборўзу соату лаҳза умр дидан, фис мирӣ бурд кардан, баройи худро ба мартабадорон ва курсинишинон ширин карда, луқмайи ҳарому ҳалол ба каф овардан, баройи содаро фирефтану нотавонро лагад задан, баройи аз бечора ситонидану ба мансабдорон инъом кардан зинда бояд буд; моли касро моли худ бояд донист, бояд ба ҷойи фарзанди худ гўсфанд кушту баччайи дигареро ба ҷаҳаннам фиристод; ба ҷойи писари нохалафи асас Баҳриддин Шамсиддинро пора-пора бояд кард; ба ҷойи духтари хеш духтари ҳамсояро «тортуқ» бояд овард.
— Рошед, тақсир, чашми суроҳӣ хунрез аст!
— Хаста шудам, усто… Мане, ки умрам ба сайёдӣ гузашта, хастагиро намедонистам, рўҳан хаста шудам… Маро ба хонайи Тўтӣ баред, аспам дар он ҷост. Ба Фарғар бояд баргардам… Дидам, донистам… Инҳо дум надоранду бас.
— Шуморо хона барам.
— На.
— Агар майл доред, каме дар чойхонайи Регистон нафас рост кунед, пасон ҳар ҷо хоҳед, бараматон.
— Ин таклиф бад не. Аз ҳаяҷони зиёд ҳалқам хушк шуд. Оббоеее… Акнун донистам, ки бо чунин нобакорон на дунё обод гардад ва на мулк.
Усто Фаррухи на чандон бо Тўғрал шину хез карда ва як бору ду бор дар дўкони усто Раҳмонқули урметанӣ дида аз зери каши шоир дошта ба ҳавойи пойи ў қадам мегузорад ва хомўш аст, ки чизе нагўяд, то шоир чизе фармояду ҷавон баҳра барад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор