Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Чойхона низ серодам буд ва ҷойи нишаст ёфт намешуд. Дуди кабоб ба фазо мепечид. Рў ба рўйи қўрайи сихкабоб пирамарде монанд ба кўҳистониҳо домони яктаҳи симобирангашро ба зер гирифта бар кундае менишаст ва халтакисайи буридайи паҳлўйи рости куртаашро қабза карда ба кабобпаз менамуд. Туғрал пой аз рафт боздошт ва ба он мард нигариста, оҳиста гуфт:
«Шинос барин.»
«Маро низ шинос метобад.»
«Мулло Раҷаб нест?»
«Оре, Мулло Раҷаб.»
— Саломун алайкум!
Он мард баробари шунидани садойи шинос парида хест:
— Оҳ, да номатон мурам, аз ҷустанам дар поям мўкӣ намонд, кисаамро буриданд, мебинед? Шуморо гум кардам, аз ҳамун Кўҳистони боло аз паятон омадам, пеши потон мурам. Воло олама кофтам. Куҷо мегардед? Сиҳат ҳастед?
— Ҳо, Мулло Раҷаб, зиндаем. Ба чӣ кор омадед?
— Воло аз пайи шумо омадам.
— Бо ин кабобпаз чӣ муомила доред?
— Напурсед… Ба бепул дуди кабоб, вале ин ҷавон аз дуди кабоб ҳам пул гирифтанӣ.
— Чун?
— Тақсир… Ман шуморо дар тамоми олам кофтам, наёфтам.
Пештар рафтам, ба таги фўки козӣ, ки шояд шуморо ба назди меҳмони олиқадраш хонда бошад. Надидаматон. Ғалмағал мешуду тира-тира. Дар омад-омади Зайсев тела-тела шуд. Як кўдак сари дасти падар нон мехўрд. Буридайи нонаш аз даст афтид. Нонашро аз замин бардоштаму мучӣ карда ба дасти кўдак додам. Боз лесиду афтонд. Падараш, ки ҳушаш ба «бозӣ» банд буд ва кўдак дар бағал хам шуда наметавонист, боз нонашро бардоштаму бўсидаму ба дасташ додам. Кўдаки сер боз нонро ба замин партофт. «Садқайи нон шав» гуфтам дар дил ва буридаро ба ҷайбам андохтам. Аз ҷайби ман низ нон ба замин афтид. Унту бинам, кисаро буридаанд. Баъд ғамгин шудам, ки ҳам шуморо пайдо накардам ва ҳам кисаро бой додам.
— Ҳоло ки саратонро набуридаанд, шукр кунед. Самарқанд ранг ба ранг ҳилаҳо дорад. Халқҳойи ҳарранга.
— Воло, рост мегўед, тақсир.
— Дар ҷайб чизе буд?
— Буд, тақсир. Серкаро фурўхта, бар асаратон омадам, ки…
— Бо ин кабобпаз чӣ муомила доред?
— Қарздорам.
— Кабоб хўрдед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор