Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Дуди кабоб, тақсир.
— Чӣ хел?
— Ман ин ҷо нишастам ва чашмам ба дуди кабоб афтид. Ишон (ишора ба кабобпаз карда) фармуданд: Мулло амак, чанд сих монам? Гўшти қушқорбарра-дия, роҳат мекунед!
Мулло Раҷаб: (Кисайи буридаро қабза карда.) Миннатдор, додарам. Ман гўшт намехўрам.
Кабобопаз: Чува, мулло-амак?
Мулло Раҷаб: Наход одам гўшти ҳайвонро хўрад?
Кабобпаз: Худи худо фармудагӣ-ку, гардам.
Мулло Раҷаб: Худо шири ҳайвонро хўред, на гўшташро, гуфтааст.
Кабобпаз: кўчқор шир надошта бошад, чӣ кор кунем, муллоамак?
Мулло Раҷаб: кўчқор агар шир надорад, ба модинааш шир меорад.
Лекин шиками гуруснайи Мулло Раҷаб танбўр менавохт. Пулашро, ки рабуда буданд, ба бепул дуди кабоб гуфта, оби даҳон фурў медод. Яке ба ёдаш зад, ки нони аз дасти бача афтидаро дар кисабағал андохта буд. Оҳиста баровард. Ду кафонд ва бурда бар рўйи кабоб дошт. Чун дид, ки кабобпаз чизе намегўяд, ба рўйи сихкабоб гузошт ва дере нагузашта кабобопаз сихҳоро рўгардон карданӣ шуд, ки Мулло Раҷаб нонро гирифт, «дуди кабоб зад»
гўён боз омада ба ҷояш нишаст ва буридайи нони дудзадаро газида хўрд.
Кабобопаз: Мулло-амак, пули кабобро диҳед.
Мулло Раҷаб: Ман, ки кабоби шуморо нахўрдаам. Баракс дудашро доштам, ки ҳавойи Самарқандро вайрон накунад.
Кабобпаз: Баракс ҳавойи шаҳрро хушбўй мекунад. Касоне ҳастанд, ки дар соли қаҳтиву гуруснагӣ аз бўйи кабоб лаззат мебаранд.
Мулло Раҷаб: Ман дуди онро ба нон гирифтам, на бўяшро.
Кабобпаз: Аз Қорийи Бухоро ҳам гузаронидед.
Мулло Раҷаб: Ман аз қориву шумо аз судхўр.
Мулло Раҷаб рў ба рўйи Туғрал истода фармуд:
— Худатон қазоват кунед!
— Кабобопаз дуруст мегўяд. Шумо, ки рўйи кабоби ў нони ба замин афтидаро гузошта, дуди кабоби ўро дошта бошед, он кабоб макрўҳ шуд ва ин ҷавон бояд он сихҳоро ба саг афканад.
Кабобпаз: Саг гўшти сагро намехўрад, меҳмон.
Ин ҳарф аз забони кабобпаз якбора баромад. Баъд андешид.
Туғрал ба мулло Раҷаб, мулло Раҷаб ба усто Фаррух ва касони наздик ба кабобпаз нигаристанд, вале касе ба дигаре чизе нагуфту напурсид. Туғрал сад паҳлў мегардонд сухани ўро: Гуруснагӣ. Дар баъзе музофотҳо қаҳтӣ. Дошта ба надошта намедиҳад. Сер парвойи гурусна надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор