Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пиндораш дар набудани ў касе шаҳри Самарқандро соҳиб гашта чунин иншооти бузург сохтааст. Аз рашк тўп зада онро валангор мекунад. Рост, аз ҳамон роҳе, ки аз сўйи Чоч меояд, чунин амалиётро гузаронидаанд, аммо асораташ куҳан набуда, нав аст. Асари тоза, ки ҳанўз ҳам гард-гард хока мерезад ва оби барфу борон гилолуд шорида, нақш мегузорад. Дар чунин шаройит қозикалони шаҳри Самарқанд Исохон меҳмони олиқадр саргурд Зайсевро аз майдони Регистон ба саҳни мадрасайи валангор хонда, меҳмондорӣ карданист. Меҳмондорийи самарқандӣ ба чаҳор подшоҳ равшан аст; ҷуз шири мурғу пойи мор ҳама чиз рўйи хон аст; ба вижа нонҳойи осиёйиву ширмоли самарқандӣ.
Рўйи дастархон ҷойи пиёлагузорӣ надорад ва баройи як тақсимча ва ё косаеро гузоштан зарфи дигарро бояд гирифт. Касони бори аввал чунин меҳмондорийи самарқандиро дида беибову бетафовут ҳама чизро омехта мехўранд, пасон медаванд. Чанд муддат пеш тири тўпи лашкари рус ба тори мадраса расида валангор ва
1 манораро каҷ карда буд. Аз ин рў муғамбирона фавҷи саргурд Зайсев ва дигар намояндагони зидди ҳукуматиро дар ин макон ҷой доданд ва Исохони қозикалони Самарқанд роҳнамойи ин кор буд. Дами миршаб баландтар аз даму нафаси дигарон; на танҳо аз нўги шамшераш, балки аз чашмаш низ хун меборад. Аз шиддати ғазаб ва аз бисёр хуни ноҳақ рехтан бошад, ки чашмонаш ду косайи хунро монад. Ва тааҷҷуб кунанд, ки аз паси пардаи хунин чӣ гуна бинад Мирзо Яъқуб.
«Мо ба шумо мадад мекунем! Ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорем! Нону намакатонро пос медорем!»
Қозӣ Исохон дар паҳлўйи Зайсев бинову таманно карда гоҳ-гоҳ риш каф мезад ва халал намерасонд, ки меҳмон то охир суханашро гўяд. Вале саргурд ҳавсалайи сухан гуфтан надошт ва ё раво намедид, ё худ назараш намегирифт, ки ҳар чизро ба эшон гўяд.
Қозӣ: – Меҳмони олиқадр Зайсев хуш фармуданд, мо ҳам чунин умед дорем ва лашкари музаффари шуморо фатҳу нусрат орзу мекунем, то дар ҳама ҷабҳаҳо ва набардҳо пирўз бошад, ба мардуми мо бахту саодат биоварад.
Баъди тарҷумайи Турғуни тотор саргурд масрурона сар андохт ва ду каф ба ҳам баста сўйи мардуми сари хон ва хидматгузорони сари пой истода афшонд, то донанд, ки хубтар аз ў ва сипоҳи ў дўсте, ғамхору мададгоре ва наҷотбахше пайдо карда натавонанд.
Ва низ дар ҷавоб, аз рўйи фармуди қозӣ, садоҳо ва дастафшониҳо

  1. Касе ҷуръати гуфтани ин рафторро надорад, ба Темури ланг мечаспонанд,
    ки баъди аз сафар баргаштан мадрасаву манорайи баланду зеборо дида,
    рашк аз занаш Бибихонум бурда, аз дур тўп парронда, чунин харобаро ба миён овардааст.
пешина
аз 421
навбатӣ