Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Умари некониро ёд оварду ба писарак бадиққат нигарист, муқоиса кард онҳоро ва дилаш накашид, ки бо ў бозӣ бикунад. Гарангу воздаҳон ба ҳар чиз нигаристан ҳамчу мулўҳ ва забон зери бинӣ ёзидани он бохтаақлро бад дид. Агар падараш ўро дўстдорӣ кунад ва падари устояш барои дили Зуҳур ва ё ягон расмият суханони ўро нерў бахшад, ғаши Бурҳон меомад, ба падараш сахт менигарист.
— Мулло Забур, шери амакаш, ҳамин дўлчаро ба об партофта биёед, – хоҳиш кард усто ва Забур хоҳиши ўро ба ҷо овард: дўлча ба об афканд, усто завқ бурда, фаҳмонд: – Об биёред, об!
— Эҳ-ҳа, чо кунам, ҷонам баромад! – гўён сари воти юнучқа каҷпаҳлў зад. Бурҳон чунин калонигарии ўро дида, ноаён ба замин туф кард ва тозон рафта, дўлчаи оббурдаро дошта, об пур карда овард. Ва баъде ки усто рўи таксинҷ нишаста, оби дўлчаро ба сар кашид, Забур баланд гириста ба сари падар рафт, ки усто покпокиза обро хўрда, ҷуръае ба ў надод: «Ман – ташна!»
— Ҳа-а усто! Шумоя чӣ гўм!? – сўи усто дасти таҳдид афшонд падар. – Ҳолӣ истед, ба писар об надодед!
Чунин таҳдиди дурўғин низ ғашу ғазаби Бурҳонро паст накард.
— Додо, иморати ҳаминҳоро дигар усто созад-чӣ? Ҳоло ҳам...
— Сабр бикун писарам, гап ҳаст!
Ва гапи ў баъд баромад: чун усто таҳхонаро рост кард, ҳамчу марди нисфи кўҳи баландро баромада, нафаси осуда кашида, як даҳан ба ў гуфт: «Дили писари мо ба духтари шумо кашол.» Ин сухан дар андаруни Зуҳур шўр барангехт. Ў сурхи тоҷи хурўсӣ гашт, вале чизе нагуфт. Усто мазмун гирифт, ки Зуҳур ор кард, ки як устои ланг ба духтари марди мўҳтарам даҳан андохт... Усто потеша ба чўбҳо андохта, раву дорбому забаррав, синҷу сарсинҷ, шаҳпулу шаҳсутуну болору васса метарошид, вале потешааш монанди позаи ҷуфтгаре, ки ба замини заранг андохта бошад, рўғозак мерафт. Ҳамону ҳамон усто дигар аз ин боб ҳарф назад. Сонӣ худи Зуҳур ба забон омад, ки усто сари калобаи суханро кушоду чаро зуд печонд?
«Чаро розигии Бурҳонро нагирифта даҳон андохтам?»
— Ту чӣ мегўӣ, Бурҳон?
Бурҳон гардан каҷ кард: «Надонам.»
— Занро ту гирӣ, баччам, на ман... Дурусттар фикр бикун...
Ва баъди чунин сўҳбат Бурҳон дар чеҳра ва қаду қомати духтарак нишонае аз Ширбадан ҷуст; монандие пайдо накард. Пасон Норӣ аз Бурҳону падараш мегурехтагӣ шуд. Бурҳон хў дошт:
Ширбаданро пеши назар меовард ва орзу мекард, ки зани мард чунон бошад. Дар бедорӣ ёд меовард, дар хоб медид Ширбаданро, аммо шарм дошта ниятро гуфта натавонист...

пешина
аз 421
навбатӣ