Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Аз дил мегузаронад модар, аммо духтар ягон андеша надорад ҷуз «Нон мехўранд фақат.»
Фикри дигар ҳам намекунад.
Нақибхон мадрасаро тамом кард. Падар ўро ба Бухоро хондан фиристод. Нақибхон дар растайи Регистони Бухоро ин модару духтарро меҷуст, аммо чунинаш набуд. «Чаро боре аз онҳо чизе напурсидам? Ин ҳама чӣ буд, ки маро сўйи онҳо мекашид?» Намефаҳмид. Боре ба таътил аз растайи нонфурўшони Самарқанд гузар кард, аммо модар ё духтарро надид. Ба ҷояш занаки ғафсу калтайи даҳонаш то баногўш меистод. Хандону хушҳол буд. Нақибхон зиёд ба он зан нигарист. Зан тааҷҷуб карда ба атрофиёнаш зеҳн монд. Баъд як зани нимшинос, ки нон харидани муллобаччаро медонист, садо кард:
«Касеро гум кардед, муллоҷон?»
Ў сар ҷунбонд.
«Онҳо кўчида Чўпон-Ато рафтанд.»
«Чўпон-Ато?»
«Бале, муллоҷон. Ҳабибахон шў гирифтанд, Тўтиҷонро ҳам бурданд.»
Нақибхон сўйи зан сар андохт баодобона ва пиндошт, ки як сатил оби сард аз сараш рехтанд, пас-пас рафт. Ва ба назараш гум кард оламу одамро. Аммо намедонист чаро? Хонадор шуд. Ба рағми хоҳишу ҳавасҳойи зодагон Истам ном духтари деҳқонзодайи курудӣ Авазро ба занӣ гирифт ва аз оғози кор то охир лаззати хонадориро надонист. Гўё хуш карда гирифт духтари офтобхўрдайи сиёҳҷурдаи ба кору бори рўзгору шаройити кўҳистон мувофиқро, ки гоҳи дар кўҳҳойи Куруд шикор карда бо уреброҳа бозгашт карданаш дар болойи боғи зери кўҳ дида буд. Баҳона саги Алопари хирссурат шуд; гоҳи аз тори девор ҷаҳида ба ў ҳуҷум овардан духтар тохта баромад, то саги қайсар мусофирро нагирад. «Баҳ!
Баҳ! Алопар, баҳ!» Вале Алопар садойи духтарро нашунида ёли гардан дамонда, ўро душман дониста, ҳуҷумовар шуд. Нақибхон камон сўйи саг рост кард. «Напарронед, намегирад! Рост рафтан гиред, кордор намешавад!» Садойи духтар миёни сагу мағали онҳо аз садойи кабкони дарӣ ҳам бештар диққати сайёдро ҷалб кард.
«Чӣ хел намегирад, ки хирс барин меояд?!» «Намегирад, намегирад! Баҳ-баҳ! Алопар!» Ва духтар нигарист, ки сайёд ба ҳуҷуми Алопар нигоҳ накарда, қомати болою базебашро шикаста рўйи ғўти сари роҳ нишаст ва дида ҷониби ў дўхт. Чун расми сайёдон ў кабкҳоро аз қаноташон тасма гузаронида гирди камар баста буд ва пойҳойи сурхашону сари нимбурашон кашол буданд… Духтар аз бими он ки мусофирро саг нагазад, то сари сангдевор омад ва беихтиёр, ба ҷойи он ки чун одати духтарони Кўҳистон рўй пўшад, гавҳараки чашмонаш кушод гашта ба ў нигарист. Чеҳрайи раҳгузар дар офтоб сўхта, лабонаш карахш баста ва гоҳи сухан кардан базўр аз ҳам ҷудо мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор