Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

«Ман, чӣ гап дорӣ, шоир?»
«Ҳоло ки чунин ноҷавонмард ҳастӣ ва қойидайи бозиро намедонӣ, мард шавӣ, чӣ гуна шавӣ?»
«Ба ман корат набошад! Худата дон!»
Нақибхон посух нагуфт ва аз сари девори боғи бобойи Аваз парида гузашт ва наздики онҳо, ки ҳайрону тарсу қарор доштанд, омад.
«Баччайи кӣ мешӣ?»
Касоне низ ҳастанд, ки ҷонибат нигарад, пиндорӣ бо биниаш бинад. Ҳоло он ҷавон ҳам чунон нигоҳ мекард ба Нақибхон.
«Ман намепурсам-ку ту баччайи кӣ мешӣ?»
«Аз рафторат ва гуфторат пайдост, ки маро мешиносӣ. Вале ман туро нашиносам. Агар мешинохтам, рост пеши падарат мерафтам.»
Баччаҳойи дигар баробар хандиданд. Худи он ҷавон ҳам хандид ва якбора сар андохта гиряаш омада рўяшро бо кафони даст пўшид.
Нақибхон дарёфт масъаларо; хиҷолат кашид ва гулў равшан кард, то ҷавонро аз хиҷолат барорад. Ҳоло ки рўяш пинҳон буд ва ба замин нишаста мегирист; ҳам аз бепадарӣ ва ҳам аз рафтори кардааш. Нақиб оҳиста хам шуда аз баччае пурсид:
«Чӣ ном дорад?»
«Парда… Сағира.»
«Пардабой, хез гиря накун. Шумо аз Хушекат нестед?»
Ў аз шаст гаштагӣ барин ба тасдиқ сар ҷунбонд.
«Ман мешинохтам падаратро… Одами хуб буд. Ин ҳамон нест, ки аз асп парида буд?»
Парда кафон аз рўй гирифт ва бо ҳайрат ба Нақибхон нигарист ва хомўш монд, ки афсун карда бошанд. Баъд сар афшонд. Гиря гулўгираш фармуд:
«Ҳамон паҳлавон…»
«Гиря накун, ту ҳам паҳлавон хоҳӣ шуд. Ҳамин қадар, ки гурдаат хурдтар, лекин ҷигарат ҷигари шер барин. Агар ба падарам меравам, гўйӣ, сагҷангро мону паҳлавон бишав. Ҳарчанд ки ҳар ду ҳам бозийи шайтонист».
«Чӣ хел?»
«Ин чизҳоро ҳоло намефаҳмӣ, ба воя расӣ, боақл шавӣ, мефаҳмӣ. Вагарна чун дигарон ин орзуро ҳамаамон ба хок мебарем.
Бузкаширо бозийи меросийи мо мегўянд, нодуруст. Ин ҷазое, ки қабилаҳойи бодиянишин қозиву қозихона надоштанд ва олоти ҷазоро намедонистанд, кўчӣ буданду аз ҷое ба ҷое ғоратгарӣ мерафтанд, каси сахт гуноҳ кардаро чунин ҷазо медоданд. Зинда миёни аспон меандохтанду «чоп!» мегуфтанд ва саворони озмудаву одаткарда аз чаҳор дасту пойи ҳукмшуда чилбуру фитрок андохта ба чаҳор сў мекашиданд ва сарвари гурўҳ аз сару гардан чилбур андохта, ба кўҳони зин мебаст ё пушти пову «эзангу» мегардонд ё таги «тақим» мекард ва «Ҳу!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор