Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин чизҳоро гуфта буд. Боз чӣ мегўяд?
— «Мурда бошад ё зинда?» мегўяд.
Муғамбирона андешид Шатенин ва сар афшонд:
— Кӣ кардааст ин корро?
— Ҳомид-қўрбошӣ, мегўяд. Буду шуд панҷоҳ нафар ҷонфидо доштааст. Лекин бисёр ғаддор, ҷаррор ва ҷанговар будааст. Боз мегўяд, ки аз ҳар деҳа ҷавононро зўран мебурдааст. Сипоҳи чандҳазора сохта аз Асрор-қўрбошӣ гузарониданист. Баъд ба мири Масчоҳ шўрида, ўро шикаст дода, худаш мир шуданист.

«Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад».

Фармуд Туғрал. Шатенин пурсид:
— Чӣ мегўяд?
— Мегўяд, ки бар зидди халқ рафтан оқибати нек надорад.
— Ҳамин хел... Лекин чӣ пеш омад, ки модари ин касро ба чунин ҳол овард?
— Модари ман мардмиҷоз буд. Аз сустийи мардон нанг карда, ба мубориза хест. Тарафдорони босмачиро ба танг овард; қозиву муфтиву бойҳоро. Ин ҳолро дида бародараш Ёр ба хоҳар ҳамроҳ шуд. Дастгир карданд Ёрро ва оварданд ба дашти Маҳрў. Модар аз дунболашон омад. Шумо сустӣ накунед. Ў зиндадаргўр.
Шояд...
— Агар дурўғ бошад, гила аз худат бикун!
— Дурўғ бошад, маро низ қатори онҳо гузоред!
Ва тохтанд то наздики Хонайи Сафед.
Як сари жўлидамўй берун аз хок орому карахт ва гўйӣ беҷон буд; манаҳ такя бар замин дошт ва мўйи паси сар низ даруни замин буд ва торҳойи мошу биринҷи парешонро боди сабуки тобистон андак-андак меҷунбонд, чунон ки боди домон расида бошад. Инчунин як забонайи гарми назаррабо нозуктар аз пардайи абрешим ё чун тори хаёл мавҷ андар мавҷ рў-рўйи дашти Амондараву Ёрӣ, рўди Зарафшон метохту мерафт. Ин ҳарорати сўзону тамуз хўшаҳойи нимдунбули ҷаву гандумро расонданӣ буд. Паррандаҳойи донахор дар танайи тори хўшайи сабз якбара нишаста, донаҳойи тарро нўл мезаданд ва сари хўшаро лиф мегардониданд. Ягона паррандае, ки сурудан ё нолаву шеван карданаш рўшан набуд, дар миёни появу хўшаҳойи зироат; ё танайи шутурхор, мўйи модарон, талха, думи говак, почайи зоғаки бунафшаранг, маккаки ширин ва ё ягон ҳазоргиёҳ нишаста зӣ-зӣ мекард; нолаву шеван, мўя ё гўяйи занонро мемонд. Чунон «зӣ»-йи бардавом мекашид, ки «ҳӣ»-йи модари фарзандгумкардаро мемонд. Ин зилла буд; зиллайи аз гармойи тамуз ба ҷон расида.

пешина
аз 421
навбатӣ