Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман низ аз қабили ҳамон дармондагон. Ноилоҷҳо. Вагарна сари ин ҷавонмардро кайҳо ба танаш мечаспонидам. Бо хосту мадади худат – Худованд, ҷонашро низ бармегардонидам. Пўзиш...
То бигўяд, ки чӣ армону орзу дошт дар дил.
Бубин, ки Шатенин чӣ ҷонканӣ фармояд ҳарбпизишкро, то ҷони ин зани шуҷоъро баргардонад. Вале ҳоло рўшан нест, ки рамақе аз ҷон дорад ё на? Гуфтам, ки бе хосту мадади ту коре нашавад. Ва ту донӣ, ки дар тани ў равоне ҳаст ё на. Ё карими бокарам! Дигар ҳама беҳуда. Туйӣ ҳамадон, ҳамабин, ҳамашунав...
ва тақдирсоз. Тавонӣ. Лек зинда нагардонӣ. Зеро дилмондайӣ аз бандагонат. Баумед меофарӣ, ки хубтар шаванд, беҳтар гарданд, вале «кулли явмин батар». Пок меоянду нопок мегарданд. Чунки ибрат аз пешиниён мегиранд. «Имрўзийи ин дунё бе дина намебо-
1 шад». Магар ман аҳд карда будам, ё ният доштам, ки омехта бо ғайр ин сабзаву хокро зери суми аспи ағёр гузорам? Намефаҳмам!
Намедонам! Шояд ин чизҳо аз худи кас вобаста набошад? Шояд муҳит, вазъ ва ё хоҳишу тақозойи замон касро ба ҳар кўрроҳа барад? Шояд! Аз сар зада, аз пой гузарад ҳам, тири ноҳақ касро ба сўйи бадкорӣ ва пастигарӣ роҳ менамояд. Дороро Искандар накушт, худиҳо куштанд. Ардашери аввал ва писарони ўро душман накушт, худиҳо куштанд; Бардияйи Курушро ағёр накушт, балки Камбуҷайи бародар фармуда кушт... Эээ... Кадомашро гўям? Ҳамин хел замон расида, ки писар ба падар ва бародар ба бародар теғ кашад... Худи ман чӣ? Ҳама қиссаҳойи баду бадтолиро дониста, қиссайи «Юсуфу бародаронаш»-ро хонда ва дидаву дониста, ҳамрикоби аҷнабиҳо шудаам, ки зоро бо кўмаки эшон зулму ситам аз ин қадоба бардорам ва дунёйи озод созам...»
Беихтиёр гардани Туғрал тоб хўрда, чашмони ў ҳама чизро ба навор сабт кард ва бар ҷасади бародар қарор гирифт. Бо амр ё хоҳиши командир сарро ба дўши Ёр оварда часпониданӣ мешуданд, ки сар сари дигар касу тан тани дигар аст, ё ҳарду як сару тан?
«Ҳама миранда: ҳар кас ба ҳар ранг мирад, мурдайи яке боифтихор, мурдайи дигаре нанговар – ҳаром ё ҳалол. Ҳамон каргасҳойи фазо ҳам, ки хешро дар баландиҳо мебинанду чашм аз замин намекананд низ миранда. Аммо бо чунон болонишинӣ, то мурдан корашон ҳаромхўрӣ. Хоб мебинад, бўй мегирад ва бо ҳазор нияти бад ба сари лоша мерасад, то нахуст чашмонашро нўл занад».
Чашми шоир афтод бо онҳо. Ба чизе монанд карда натавонист.
Парвозу гирд гаштанашон ҳам чизеро ифода накард. Дида ба хок дўхт: «Ҳаромхор. Мурда нахўрад, мемирад». Ва зуд аз зеҳнаш

  1. Бедил.
пешина
аз 421
навбатӣ