Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Вале чизе аҳамият надорад баройи ў ва ишора ба сарбозон мекунад. Онҳо дастак бардошта меоранд.
Бурҳон низ ҳайрон монда ба саҳро нигарист, ки чӣ аломате бошад. Ин вақт дасте ба китфаш расид. Воқеан дасти гарону кушоде буд, дасти командир: «Аз сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад...»
— Ҳа, ҳамин хел... – илоҷи дигар намонда буд ҷуз тасдиқ кардан.
Оварданд дастаки ҳарбиро, ки ҳар мурдаву маҷрўҳро бар он бор карда, аз чаҳор дастааш бардошта мебурданд. Ҳоло сарбозон чунин карданд. Аз гурўҳи соқа, ки хўроквориву лавозимоти ҳарбӣ мекашониданд, чанде ин корро ўҳдадор шуданд.
Аз сўйи Амондара монанд ба кўҳрафтагон гурўҳе меояд, ки ҷуз дасти тиҳӣ чизе надорад. Аз рафтор ва тарзи омаданашон пайдост, ки хабари осудагӣ шунида пеш меоянд, вале ҳанўз ҳам кебида; гоҳ истодаву гоҳ рафта, даст рўйи чашмон лапар карда, сўйи Дашти Маҳрў ва Хонайи сафеди Ёрӣ нигариста меоянд. Онҳо то ҳол аз омадан ба ин ҷониб меҳаросиданд ва инак аз майли рафтан кардани фавҷи русӣ дарак ёфта на бо аробароҳа, балки аз паҳлўйи Боғи Гарон ва Ҳавзак меоянд. Чун омода ба сафар будани русҳоро диданд, бозистоданд дар миёндаштӣ.
Шатенин пушти зин пой гардонида рў ба Бурҳон овард: «Фарёдашон бикун, омада ёрӣ диҳанд. Зеро ба мо сахт дер шуд. Ҳоло танбеҳ ҳам мешунавем... Дар бозгашт хабар хоҳем гирифт».
Фавҷи хаста, роҳкўфта ва гарди роҳ бардошта ба рустойи Ёрӣ на чун дастайи фартуту абгор, ҷафодида, шикастхўрда ё вомондайи лашкари парокандаву мағлуб ворид шуд, балки ҳаммонанди отряди ҷангӣ, пирўз ва чирадаст даромад, ки аспони то ин ҷо шалпару хобидагўш хеле ҳушёр, гўшчур, зиндачашм ва сумзан миёни деҳаро убур мекунанд. Даста бо қадоба мерафт болорў.
Чинорҳойи сабз ва сояафкани лаби сой ва канори роҳ ба назар аз дил ё бехи сангу харсангҳойи сиёҳу абрранг рустаанд. Онҳо ҳаловат мебахшиданд роҳгузарро, аммо забон надоштанд, ки гўянд: «Марҳабо, даме биоромед дар сояйи серун». Чунин меҳмоннавозиро баргони ғуборгирифта чун панҷа ҷунбида-ҷунбида ба ҷо оварданӣ мешуданд.
Шатенин эътиборе намедод ба ин чизҳо, балки махуф медонист; пой бар рикоб тира карда, рост сари зин мешуд, то дуртарро бинад. Зеро сахт хавфовар буд ин мавзеъ. Паси ҳар дарахти чинору чормағзу сафедор ва деворҳойи шикаставу харсангҳойи азимро аз назар мегузаронд, гарчи талоя мерафт пешопеш. Дурбин монда роҳро тоза мекард, ки душман камин нагирифта бошад.
Зеро ҷангу найранги кўҳистонӣ дар паси санг мешавад. Сайёду мерганҳойи кўҳистон сипар аз санг доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор