Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

«Кадомӣ?»
Шатенин инони асп кашид. Дигарон ҳам.
«Бубинед!»
Ин садойи пирмарди нобиност, ки даставу гурўҳҳойи пештар омадаро дар сари роҳи Қалъача дучор мешуд ва ононро ба роҳи рост ҳидоят мекард.
«Садойи суми аспонро шунидам, ки болорў мегузаштанд.
Гуфтам чӣ воқеа шуда бошад? Аммо надидам ва надонистам, ки кистанд? Замонҳое буд, ки аблаҳон раҳнамойи кўрон мешуданд.
Ҳоло ҳамин хидматро ҳам раво намебинанд. Ва мегўянд, ки дар тангдастиву дармондагӣ кўрон сипоҳро раҳнамо мешаванд...»
Шатенин ҷониби Ғайбулин нигарист. Ў тарҷума кард:
— «Кўрон чиро мебинанд?» мегўяд.
— Бигўй, ки кўрон чашми дил доранд.
Боз хомўшӣ шуд. Нобино фармуд:
— Бигўй, ки кўр бошад ҳам, мешунавад.
Туғрал тааҷҷуб кард аз ҳарфи Шатенин, ки чашми сару чашми дилро фарқ карда тавонад. Аммо дигар чиз пурсид:
— Рафиқ командир! Ман нафаҳмидам, ки чаро маро ба дастайи шумо ҳамроҳ карда фиристоданд?
— Баъд мефаҳмӣ. – гўё ба сўҳбат лагад задани шоир ўро нафорида бошад, фармуд кинаварона.
— Ҳамин қадар фаҳмидам, ки шумо аз рўйи харитайи топографӣ хубтар аз ман медонеду мефаҳмед роҳу мавзеъро.
Шатенин чизе нагуфт. Балки аз рўйи раҳгум заданашон ё қасдан ба тангно роҳ пеш гирифтанашон киноя пиндошт ҳарфи шоирро:
— Талоя ба роҳи қадобайи Зарафшон гардад!
Оташи ОБЗАДА
Хамиву баландиҳо, паси теппаҳойи миёни деҳоти Ёриву Мингдона, Вешисту Рўзи Обнок ва Дашти Қозӣ он қадар камингоҳе
дошт, ки отряд аз биму ҳарос роҳи тўлониву дури Самарқанду Панҷакатро зудтар ва озодтар паймуда буд аз ин кўрроҳаву
каҷроҳаҳойи махуфи доманайи қаторкўҳи Туркистон. На танҳо
сарбозону сардорон, балки сутурон хўсидаву тўрида ва қадам
шумурда аз як теппа паси теппайи дигар ё камингоҳе мегузаштанд
ё аз сойча ба сое, ё аз такобе ба ҷаркан меомаданд. Ҳар ҷо, ки
баландие пеш ояд, сарбозе аз талоя синамол, дилғеҷ ё чорғов
адирро рост шуда то буни санге ё бехи буттае рафта, паси теппа,
обканда, варта ё то ҷое ки чашмаш медид, аз назар мегузаронд
ва пайғому ишора мекард, ки фавҷ ба роҳ дарояд ё боз андаке
сабр кунад. Чун даста кўрроҳаро убур кунад, аз сари теппа нишеб
шуда аспи лаҷомкашро савор мешуд. Сусту тарсу ва беҷуръатона, дурбин монда, роҳ тоза карда то Вешист расиданд, ки пардайи сиёҳи гулдўз аз ситора тори сар чодар кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор