Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оқибат он ғаш сагеро бедор кард, садойи ак-акаш омад.
Чун ба дарвозайи шинос наздик омада онро аз дарун занҷирбанд диданд, дук-дуки дили шоир кўба ба дарвоза мезад. Ў каме ором истода гўш ба дарун дод, то чӣ садое ё шарфае ояд. Ё саг бўй гирифта, ситезад. Пайдо набуд чизе. Ў даст ба ҳалқа бурд, то дошта ба дарвоза занад. Аммо бим кард, ки саги ошно баробари садо додани дарвоза фиғон кашида паси дар меояд ва мардуми хуфтаро бедор мегардонад; ба таҳлукаву воҳима меандозад. Ҳамин хел шуд: Чун тарсу паст-паст ҳалқа ба дарвоза зад, саги ҳушёр ё аз чизе олуғда фиғон бардошта пурғазаб хешро ба дарвоза зад.
«Чорчашм! Ин ман, ошно! Нашинохтӣ?» – гуфт.
Саг дум ликконад ҳам, аламангез ва бо ситез панҷа ба дарвоза мезад ва худ аз худ тарсида пас мегурехт ва боз ҳуҷумовар мешуд.
Магар Туғрал хавф кашид ва ё ягон чиз пай бурд ё тахмин кард, ки баргашта ба ҳамроҳ нигарист. Чун ҳамроҳ дар торикӣ аз нигоҳу ваҷоҳати шоир чизе дарёфт накард, хомўширо авло донист. Туғрал низ чизе нагуфта гўш ба дарун дод: саг тохта ба дари хона рафт ва оне садояш гирифта боз ба дарвоза давид. Туғрал пиндошт, ки дўсташ Азизбек паси дар омада «кист?» мегўяд ва шоир ошнойӣ медиҳад.
Аммо чунин нашуд. Балки садову фиғони Чорчашм ҳама сагони деҳаро бедор карду ангехт. Туғрал ҳайрон монд: «Аз ҷафойи Ҳомид-қўрбошӣ одамон тарсу шуда бошанд?» Ҳамроҳ китфон дарҳам кашид; ё пурси Туғралро нафаҳмид ё муғамбирӣ карда ягон чизро ба гардан гирифтан намехоҳад. Балки ҳайрон аст аз рафтори чунин ошно, ки дарро ба рўйи кас накушояд. Ў фақат аз сагро «Чорчашм» ном гирифтани Туғрал хаёле бовар дорад, ки ў бо ин хонадон ошнойӣ дорад. Ва шоири донандайи одат ва расму русуми кўҳистониҳо фармуд: «Одаташон ҳамин: шабҳо ба рўйи омадаҳо дар намекушоянд».
— Шумо омада не-ку, рафиқ шоир?
— Ҳамтую таомул ҳамин. Баъд ягон гап ҳаст. Шояд мардумро тарсонда бошанд.
Ва ҳайрон аст, ки чаро ин деҳа ин қадар орому хамўш? Ин мардум шабу рўз надоранд, чун мўр дона ғун меоранд; дар тамузи тобистон ғами чиллайи зимистонро мехўранд. Аҷаб. Аҷаб, ки дар ин вақт харсавор кўҳ баройи ҳезум мераванд ё аз кўҳ хари ҳезум пешандоз меоранд, ки дар ин ғоят кўҳбон дар хонааш бароҳат хоб мекунад. Аммо мўрони донакаш, пири пиёдаву хари ҳезумкаш ғайб задаанд. Саворе, пиёдае азми бозор надорад. Зеро субҳ дар он соҳили Зарафшон ҷумъабозор мешавад.

пешина
аз 421
навбатӣ