Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Магар нияти эшону қозӣ дигар буд, ки хомўш монданд ва баъди муддатҳо қозӣ сурфид, то эшон чӣ гўяд. Ў мадд кашид:
«Ҳммм...» Ва боз меҳмонхонайи дару тирезаҳояш кушодаро хомўшӣ ҳукмрон шуд...
...вале ғалоғулайи берун онҳоро водор кард, то бурун аз меҳмонхона оянд.
«Гурезонданд!»
Ҳамин қадар гуфт каси омада, ки ҳама дар чунин хаёл бошанд, ки аз як ҳарф ҳама чизро мефаҳмида бошанд. Чун дид, ки ҳама ҳайронанд аз бехабарӣ, афзуд:
«Асиронро гурезониданд!»
Пештар омад ў ва ба ҳавлӣ нарасида бозпас гурехт. Зеро феълу хўйи палоракиҳоро медонист, ки балоро ба сараш бор мекунанд.
Ҳамон замон фармуданд, ки ба сари ярмиҳо тозанд. Тўрабек як даста шербаччаҳоро ҳамроҳ гирифта то Ярм рафт ва девори шикастайи оғилро дида, наъра кашид:
— Куҷо будӣ, Ҳамдам?! Ё худат ба дасти адаб гуселашон кардӣ?!
— Аз мурдани худ хабар дораму аз рафтани онҳо не!
— Дурўғ мегўйӣ! Агар онҳо бо дастони баста ҳам ин корро мекарданд, сангро даруни оғил мегузоштанд, на беруни оғил!
— Ман ҳам ҳайрон, Тўрабек. Ақаллан саг ҷик нагуфт.
— Баройи он ки саг соҳибашро мешиносад!
— Шумо гумони бад набаред. Агар ин корро карда бошам ё донам, дастонам аз бех хушк шавад!
— Тўрабек, аз Ҳамдам гумонбар нашавед. Ман ҳамсояйи дур бошам ҳам, роҳгузар будам. Вақти рафтани аспон як садо ба гўшам расид: «Мо роғиёнем!»
— Ҳааа, фаҳмидам: ту мехоҳӣ ярмӣ бадном нашавад! Гуноҳро ба сари роғӣ бор мекунӣ. Зеро донӣ, ки ин моҷаро чӣ балое ба сар орад?
— Волло-билло, бо ҳамин ду гўши худам шунидам! Наход ман ба шумо дурўғ гўям?!
— Дурўғ мегўйӣ.
— Ба шумо дурўғ, ба худо рост! Агар дурўғ гўям, бурда, аз сари ҷари Сагкуш ба ҷаҳаннам партоед!
— Ҳукми хуб. Раҷабӣ?
— Ҳо!
— Мункир намешавӣ?
— Ба шумо мункир шавам, ба худо чӣ мегўям?
— Соҳиби овозро мешиносӣ?
— Не, волло! Дуртар будам! Пушти ҳоо он бом!
— Забони дурўғгўяшро аз пушти сараш кашед!
— Астағфируллоҳ, гўед, Тўрабек! Мо як одамем – масчоҳием!
Пойи тобути маро шумо мегиред, пойи тобути шуморо ман мегирам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор