Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар яке аз адўвон бадгўйӣ карда бошад, ҳама масъалаҳоро якҷоя карда гуфтааст. Агар ин ҳарф фармуда бошад, командирро хуш меояд. Ин чиз албатта рўзе аён хоҳад гашт; худи фармудаву ташкил карда сархуш шуда, лоф мезанад, ки ҳамон қаҳрамони даврон манам.
Тира ва гиҷ аст сари Туғрал. Симойи Тўтихон пеши назараш меояд ва кунҷи майдони нонфурўшийи Регистон:
Боре савора омаду аз асп нафаромада занҳо гирди тавсанашро гирифтанд: «айини мана гиред!» гўён сўяш нонҳойи сурху сафедро ёзиданд. Вале арўсаке паҳлўйи он зани ғафс меистод ва чеҳрааш шинос тофт. Нақибхон ҳама чизро фаромўш кард ва ба ғавғойи занони дигар эътибор надода ду чашм аз арўспўш намеканд. Зани ғафс фармуд ба арўс: «Ҳамин мардак шумову бийетона пурсида буд.»
Арўсак сар ҷунбонд ва китфон дарҳам кашид, ки чунин савори босалобатро намешиносад.
Нақибхон аз асп фуромад ва ҷилави онро раҳо карда сўйи арўс гом зад. Вале диққати арўси чодарбасари чашмбанд пушт задаро бештар аспи Гули Бодоми дар танаш нақши танга-тангайи хокистарранг афтода ҷалб мекард.
Ҳарду ба якдигар нигаристанд хомўш. Нақибхон пул дароз карду чизе нагуфт, ки шояд ҷавонмарди ришдори кўҳистонишударо аз ҳамин одаташ шиносад. Вале арўс ҳайрон буд.
«Модаратон сиҳҳат-саломат?»
Арўсак сар ҷунбонду аз дил гузаронд: «Садойи шинос.»
«Салом расонед.»
«Хуб.»
Нақибхон дар тавсифи ҳусну ҷамоли арўс сухан пайдо карда наметавонад. Ҳамин қадар хондааш як пул. Вале бо чашми сар дида, бо чашми дил аксашро дар замираш ҷой кард, ки ҳоҷат ба сухан нест. «Э худо! Э худо! Э худо!» ҳамин қадар гуфта тавонист гоҳе ки роҳи хонайи усто Раҳмонқули дарздўзро пеш мегирифт.
Зеро баробари ба Бухоро хондан рафтани ў падари шоир ҳавлиро фурўхта, боз ба Кўҳистон кўчида буд.
Ў лигоми Гули Бодомро раҳо карда гаштро ба ихтиёраш мондааст, то куҷо равад. Баъзан ҳайвонҳойи зирак хубтар аз инсон ба кас кўмаку мадад кунанд ва соҳибро ба мурод расонанд. Вале ў дар ин хусус ҳам андеша надорад: «Бояд ҳама сурудаву навиштаҳойи ишқиро оташ зад ва аз сар навишт. Навишт-навишту хубашро сара кард ва бурда ба ин арўс доду «Манам Туғрал!» гуфт. То хонаду донад, ки оташу шўре дорад дили ман.

Баъд аз ин килки адаб аз чўби сунбул мекунам,
Зулфи ў то гашт сармашқи парешонӣ маро.

пешина
аз 421
навбатӣ