Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Корҳойи ношуданӣ пеш меоянд. Ё ба дилаш меандозанд ё огоҳаш мекунанд… Ҳоло ҳама чизро аз пояйи хўрҷин афканда, ба ҷойи он қуттийи тир гузоштаанд… «Оқибаташро Худо донад…»
Поён аз дасти рост Зарафшон нола дорад. Ҳеҷ гоҳ чунин садо намекард. Балки менавохт касрову торҳойи асабашро, то хастагиҳойи роҳ ё фишори гаронийи рўзгор аз танаш рафъ шавад. Ҳоло касро ҳушдор медиҳад. Аммо роҳгузари гирифтори ғами хеш, ё бо асари кўфти роҳ шалпар гашта чандон ба ин чиз эътибор намедиҳад, ки хислати рўд чунин бошад. Ъаррас зада сар ба сангу соҳил кўфтан одати ўст. Лек нолидани Зарафшон бебало нест…
Бод ба ҳар нағма мегардонад садойи обро. Ҷуз Туғрал касе намефаҳмад қиссахониҳойи онро.
«Мўҳтарам Ғайбулин, ба командир фаҳмонед, ки Зосун зодгоҳи шоир аст. Касе дар ин ҷо меҳмон нашуда, нагузаштааст…»
«Мурдаро монда, тутхўрӣ!»
Ҳанўз ҳама гуфтайи шоирро ба русӣ тарҷума накарда, посух дод Шатенин.
«Кадом мурда?» – аз дил гузаронд Туғрал, гарчӣ маънийи зарбулмасалро хуб медонист. Танаш вараҷа карда, зери пўсташ мурғак давид.
— Рафиқ командир! Шумо худатонро бегона нагиред. Мардуми мо мегўянд, бо як дидан ошно, бо ду дидан хеш. Мову шумо аз Самарқанд то ин ҷо ҳамроҳ меоем. Шабу рўзамон як. Азобу роҳатамон якҷоя. Ҳамроҳ нону намак хўрдем. Як бор намак хўрда бошӣ, чил сол андеша мекунӣ.
— Дуруст, рафиқ шоир! Вале ҳоло вақти чунин ҳарфҳо не!
— Медонам, дўстам. Одати мо чунин: меҳмоне аз дари хонаат гузарад, бояд нону намак бикунӣ. Ҳеҷ набошад, дар чунин гармо як коса ҷурғот.
— Ташаккур!
— Охир омадани шумо русҳо ба Кўҳистон фоли нек аст. Шумо ҳамчун намояндайи аскарони Сурх омадед, ки моро аз асорати амирӣ, аз боҷу хироҷи мирӣ ва тохтутози босмачиҳо халос кунед.
Рафиқ командир! Шумо ҳам, мо ҳам умед дорем, ки Сурхҳо пирўз меоянд...
Шатенин як қад паррид ба назар ва ғамбода сахт гирифтагӣ барин гулў равшан кард: «Уҳҳу!»
Ва Туғрал қасдан ё баройи рамузгирӣ идома дод суханашро:
— Бовар кунед, шумо ба ман маъқул шудед. Ҳукумати Советӣ ғалаба кунад, мо рафту омади бародариро давом медиҳем; шумо ба хонаи мо меҳмон мешавед; мо ба хонайи шумо меравем...
— Рафиқ шоир, «буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу».
Ин сухани аз шумо омўхтаам. Ҳозир вақти чунин ҳарфҳо? Ба манзил расем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор