Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ҷонвар наҷунбид. Ҳуҷумовар шуданд сарбозон ва ҳар кадом, ки тозиёна ё чўбе дар даст дошт, сўйи асп меандохту мезад. Ҳатто санг аз замин бардошта мезаданд. Ҷонвар гўш хобонда газиданӣ шуд ва ҷуфтак зад. Гурехтанд. Яке камон рост кард, ки парронад.
Туғрал фарёд кашид: «Напаррон!!»
Шатенин такрор кард: «Бе фармон напаррон!»
Асп ба ҷойи пеш рафтан пас-пас рафт.
— Бадомўхт будааст аспат!
Туғрал ношунида гирифт. Алами сарҳангро овард:
— Пагоҳ дар равшанӣ ин аспи зеборо кушта, лашкарро мехўронӣ...
Амр буд ё маслиҳат касе нафаҳмид. Ва боз маълум нагашт, ки ба кӣ равона шуд ин ҳарф? Ҷони Туғрал ба ларза даромад: «Шўхӣ мекунад ё ҷиддӣ мегўяд? Наход одам бо ҳайвон баробар шавад?!»
Туғрале, ки аз касе ё чизе наметарсид; гапи касеро намехўрд, ин лаҳза ноилоҷ монд: «Аз пашша фил месозанд инҳо. Бузургтарин пирўзӣ сабр аст». Ба гўшаш садое мерасад, ки аз даруни шах меояд.
Касе путк зада шикастанист онро. Вале зарабон сари синайи ўро меларзонад. Таранг шудааст даруни синайи чапаш. Кафам-кафам мегўяд. «Осуда бош! Мегузарад. Ман надонам, ки ин ҳайвони безабон чаро чунин рафтор кард? Музтарибҳол гардонидам. Сарамро дар мағал гузошт... Чӣ рўз аст?»
Ҳазору як хаёлу андеша дар сари шоир буд, ки бо шеър ифода карда наметавонист. Чизе ҳам гуфта наметавонист. Агар гўяд, касе бовар ҳам намекард, бе ҳеҷ сабаб, бе ҳеҷ гуна дастак, бе ҳеҷ баҳона... якбора гўсола чаппа омад аз шиками оча. «Ба ў ҳамин чиз лозим буд. Баҳона намерасид. Кӣ ҷоду кард ҷонварро? Намедонам».
Шаб шуд. Қарор гирифтанд. Дар дили Туғрал чизе намегунҷид.
Хобаш ҳам намебурд. Лекин дилаш ба Гули Бодом месўхт. Ҷонвар ҳоло ҳам чаҳор сум рўйи роҳ тира карда, зуъм дорад. Қадам намезанад. Туғрал то замоне назди ў истод, ки раги гардани ҷонвар мулойим шуд. «Дили раҳмин – ҳамеша ғамгин». Туғрал хўрҷин аз пушти зин наканда, аспро раҳо кард, то дар ҷойҳойи шиносу одаткарда бичарад. Зеро чандин рўз аст, ки ему хошоки ҳалол нахўрдааст. Аз об гузаронида, дар хасалафи паси харсанги азим гузошт ва даҳона аз даҳон бароварда сарҳуй кард.
Аз кўфти роҳ ва хастагӣ сахт ба хоб рафта буданд; ҳатто посбонҳо. Тавсан сер шуд ё нашуд, ёди Зосун кард. Обро гузашта, ба роҳ афтод. Аспони бедори фавҷ паст-паст фиркида бошанд ҳам, касе огоҳ нагашт. Ва роҳ, ки аз тарси омадани лашкари рус беодам гашта буд ва роҳраву шабгардҳо хешро канор кашида буданд ва тарсуҳо хештан ба кўҳҳо зада буданд, роҳ бекас буд.
Гули Бодом яккаш то хона омад ва паси дарвоза сайҳа кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор