Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Бўйи ҳулбў, бўйи сабзаву омехтайи дара меомад; бўйи шахҳойи тамоми рўз аз офтоб тафсида, бўйи хасҳойи сўхтайи танайи шах ва ҳамагуна бўе, ки кўҳистон дошт, бод меовард. Ва ў аз рўйи ҳамин бод, ки пештар аз бомдод мевазад, вақтро муайян кард. Насим хоб овард. Зиндагӣ ва дунё зери сарпўши чашмонаш ғанав кард; сар бар сари зону, такя ба санг зада хобаш бурд ва хоб дид: Гули Бодомро хоб дид, ки зину банд ва хўрҷин аз пушт андохта соҳибашро савор кард ва ба Фалак бурд, ки шоир тамоми умр мехост чунин парвозро; ба баландӣ расиданро. Аммо хостанҳояш дигаргуна буд. Ҳоло тавсан, ў хоҳад-нахоҳад, дар пушти лучаш бор карда мебарад, аммо Туғрал завқе надорад аз чунин парвозу саёҳат ва сахт аз ёли асп доштааст, то наафтад; зеро ў фарҷоми аз баландӣ афтиданро медонад. Гули Бодом бартар рафтан мехост, вале мадораш суст гашта фурў омад; чунон фурў омад, ки паррандайи дар фазо тирхўрда худро дошта натавонад. Асп чу парранда гоҳи парвоз пойҳояшро ба зер кашида натавониста, кашол медошт ва шоир ғами онро мехўрд, ки ба замин бархўрда, чаҳор дасту пояш хоҳад шикаст ва чашм пўшид, то набинад рўзи сиёҳи бораро... ва бархўрд асп ба чизи сахте. Туғрал ҳам аз пушти он афтод. Пойҳойи фарасро дид, ки ба тахтасанги сафеди лаби об чу фўлод фурў рафтааст ва Гули Бодом ҳайкал гаштааст...
Туғрал аз зарби ба замин задани асп ва аз пушти ҷонвар афтидани хеш бедор гашт. Дилаш танг ва сараш гирифта буд ва ҳеҷ чизро сарфаҳм намерафт. Гирифтори хобу бедорӣ - ҳайратзада пойи дар зераш хоб рафтаро ҷунбонида наметавонист. Ва ҳарчанд зўр мезад, ки ягон чизи равшанро бинад, ҳама ҷо торик метофт; танҳо садойи беқарори рўд меомад; аз боло – аз сари шахи баланд садойи уқоб ба гўш мерасид: «Чууу!!!» Агар як вақти дигар буд, шоир аз садойи уқоб маъниҳойи дигар мекашид ва сахт аҳамият дода такрор кардани садоро нигарон мешуд, ҳолиё эътибор ҳам намедиҳад, зеро ба таъбири хоб намерасид: «Он қадар баланд рафта, ин қадар сахт ба замин хўрдан чӣ маънӣ дошта бошад?»
Аранге мефаҳмад; ба аспи безину банд савор шудан ва аз пушти он афтиданро мефаҳмад, аммо намехоҳад донистан: «Худовандо, агар хобам бад аст, нек бигардон, агар нек аст, нектар бисоз...»
Ў ба по шуда натавонист ва мисоли пири барҷомонда дунбамол фурў лағзид сўйи руд, то хоб ба об гўяд. Зеро чунин амал таскин орад ба дил. Чун ҳолиё чизе рух надодааст, илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ бояд кард. Аммо зери дил сиёҳӣ дорад; аз тақдиру сарнавишт гурезе нест. Оби серун ба дасту рўяш хуш расид; ўро хаёле ба худ овард, лек гиреҳи ғамбода кушода нашуд. Ё оби сард маҳкам дошт ё панҷайи иблис. Гуфт хоб ба об. Сабук нагашт. Фўта кушода саҷҷода кард ва монойи пирони барҷомонда нишаста намоз гузорид; зеро зўри ба по истода хаму рост шудан надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор