Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ё паймона пур шудааст ё балое дар пеш...»
Даст боло кардани Туғрал дами рўз ба чашми касе расид ва ў лаби об омада хуб зеҳн монд ва як тани буни харсанг дароз кашидаро дида, фарёд зад:
— Рафиқ командир! Рафиқ командир! Ба назарам касе буни харсанг мурда ё хобида! Либосаш пўшоки шоирро монад!
Ҳама баробар он сў нигаристанд. Пасон бо ишорайи сардор сарбозе сангпарҳоро ҷаҳида-ҷаҳида гузашт, ки Туғрал гузашта буд.
Туғрал саҷҷода рўйи зонуҳо, гўйӣ, ки тобаки шикам гирифта бошад, пахш карда меистод. Сараш ҳам хам. Ҷондору беҷон буданаш рўшан нест. Вале сарбоз нарасида ба ў андаке сар бардошта атса зад ва сўйи ў, ки тўли роҳ шинос гашта буд, нигариста, фармуд:
— Гули Бодом нест...
Сарбоз чизе нагуфта, аз он сўйи об командир чашм мечаронидааст, ки фармуд:
— Чӣ мегўяд?
— «Гули Бодом нест» мегўяд!
— Муғамбир аст ў! – нархи сабзиву пиёзро напурсида фармуд сарҳанг. – Ин давоми консерти шабина.
Ин ҳарф сахт расид Туғралро. Бори дигар атса дода гўйӣ ба худ омад ва такя ба харсанг карда қомат рост гирифт.
«Ў чаро ин хел мегўяд?»
«Намедонам.»
«Ҳааа... Гули Бодом нест, албатта ягон андеша дорад?»
«Намедонам...»
— Ман мадори аз об гузаштан надорам...
— Чӣ мегўяд?
— Ман мадори аз об гузаштан надорам, мегўяд!
— Мадораш куҷо рафтаст?
— Худам намедонам...
— Худаш намедонад!
— Дар назди трибунали ҳарбӣ ҷавоб диҳад, ба ёдаш меояд!
«Чӣ гуфтагиаш?»
«Аспу тирҳо гум шудааст... Шояд ба ҳамин маънӣ гўяд. Ин фикри ман. Ту аҳамият надеҳ, шоир.»
«Ман ҳамаашро мефаҳмам. Аммо Худо шоҳид, аз мурдани худ хабар дораму аз ғайб задани асп не!»
«Ин гапҳоро ба ман гуфтан суде надорад. Аз об гузарем, ба худаш мегўйӣ.»
«Аз об гузашта наметавонам.»
— Чӣ мегўяд?
— Аз об гузашта наметавонам, мегўяд!
— Аз ин тараф чӣ хел гузашт?
«Мегўяд, ки аз он тараф чӣ хел гузаштӣ?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор