Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Дурўғ! Дурўғи маҳз! Бўҳтон! Ман ба касе тир надодаам.
Аспамро гум кардам. Шояд бадхоҳе ба нобудийи ман ин корро карда бошад... Огоҳӣ надорам.
— Охир ҳама диданд, ки бо аспат чӣ сирк нишон додӣ! Моро маҷбур кардӣ, ки ба ягон манзил нарасида дар ин талоқ шабро гушна гузаронем. Гушна ба шер задааст. Мо ҳақ дорем, ки бо чунин душмани бадкор дигаргуна рафтор кунем!
Туғрал донист, ки бо думи шер бозӣ кардан нашояд. Хомўш монд. Сари баландашро андохт. На аз он ки мутеъ гашт ё ба ин ноошно сар фуровард. Балки чора меандешид. Аз Самарқанд то ин ҷо фикру андеша карда, симойи ин хукрангро дар байте ҷой доданӣ шуд, натавонист: «Шеърро ҳаром мекунад ин касофат...» Нафаси сабуку ноаён баровард зери лаб ва сар бардошта ба шахҳойи сахту азим, ки то имрўз ба ҳазорон омадаҳойи мустабиду хунхор сар наандохтаанд, нигарист. Андаке ба худ омад. Боз сар баландтар гирифт, ки амр аз боло шавад ва аз дил гузаронд: «Мурдан воҷиб. Имрўз ё фардо амонатро бояд супурд.
Лек ба чунин тўҳмат тан додан баробар аст ба ҳаром мурдан...
Ҳолӣ наметавонам исбот кардан, ки бегуноҳам ва ҷойи рафти аспро ҳам намедонам...» Ғурури туғралонааш, ки мудом дар авҷи фалак парвоз дошт боло гирифт, ки бо шамшери сухан зиди тири ҷонситони ў бошад, вале донист, ки сухан ба тири хашми ў сипар ҳам намешавад, «тани ману тақдири ҳақ» донист. Зеро ба чунин касон, ки зиндагиро аз ғараз, кина ва хунхорӣ бунд гузоштаанд, сухан асаре надорад. Пеши чунинон хомўш бояд: «Ҷавоби аблаҳ
– сукут». Ин ҳама аз мушоҳида ва андешайи ўст. Вагарна Шатенин хешро ҳокими мутлақ медонид дар ин тангно; гарчи ҳоло рў ба рў наомадааст бо душман. Ҳолиё душман ҳамин шоир бувад, ки сайдаш кабку ҳулолу ғизол будааст гоҳ-гоҳе; аз баройи вақтхушӣ ё хешро намойиш додан на, танҳо баройи ҳаракати хун ва ҳам аз он ки дар танҳойиҳо ва сахтиҳойи замини кўҳистон зери ғалаёни хун шеъраш пухта гардад. Инсон баду бадкор, аммо ў алам аз «фалак», «сипеҳри бемурувват», «гардун» ситонидан мехоҳад.
Зеро бо ин махлуқи дупо кори нек кардан имкон надорад. Зеро аз дасти ў чун куштану сўхтану бурдан коре наояд. Қасд ситонидан пешайи наҷодийи ўст. Худованд аз ин хубтар меросе барояш нагузоштааст. Аз бинӣ боло ҳеҷ чизро набинад: ҳатто чашми хеш, гўши хеш, мижгону абрўйи хеш, пешонӣ ва мўву тори сари хеш.
Лекин каси рў ба рўро бинад ҳам, нашиносад; дар ҳолатҳое падару модар ё табори хеш: «Кӣ бошад ин сўроб? Дар куҷое дидаам, дар ёдам нест... Ҳатман ҷосус ё қотили ман аст». Чунки дар сари ў ҷуз ин хаёл андешае нест.
Теғи офтоб сар-сари кўҳҳойи баланд мурғаке парвоз мекард хеле ботамкин. Дида ба қаъри дараҳо медўхт; рўдборро менигарист; паси теға мешуд, боз меомад. Ба чашми Туғрал каргас тофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор