Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Бояд ба онҳо бо садойи баланд гўям: «Камони маро тир пур карда оред, ман сазойи рафторҳоямро медонам!» Онҳо шунидан намехоҳанд. Ситеза ба кайк карда пўстинро сўхтан суде надорад. Аммо илоҷи дигар ҳам нест...
Онҳо ҳоло машварат доранд. Магар яке нодурустийи қарорро гуфт, ки аз даруни хаймайи сайёр наърайи командир баромад:
«Ту сардор ё ман? Ту медонӣ ё ман?!»
Туғрал умедканда шуд. Дасту пояш аз осмону замин канда шуд.
Онҳо баромаданд. Пеш аз ҳама коғази дасти котиб ба ҷигари
Туғрал халид. Онҳо рў ба рўйи Туғрали бастадаст ва бе тоҷи шоҳинӣ саф истоданд ва котиб арза кард:
«Ба Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ чун душман ва хойини Ҳукумати Советӣ ҳукми қатл раво дониста шуд!»
Кўҳҳо гирд гаштанд ба сари шоир; худи ў низ дар ҷойи истодааш давр мегашт ё сараш чарх мезад; кару кўру лол гашт. Танҳо пай бурд, ки оташи дили шоириаш як даста аланга шуда аз даҳонаш баромад. То Шоҳини баланпарвоз расида онро заррин гардонд, сонӣ ба порайи абр мубаддал гашта, печида-печида баланд рафт ва ба тарҳи Туғрали шоир табдил ёфт. Ба назари ў тофт ё ҳама чунин мўъҷизаро диданд, Туғрал фарқ карда натавонист.
Сипас кўҳҳо аз замин сар кашиданд. Баланди баланд рафтанд, ки осмонро нигаҳ медошта бошанд. Ба назари шоир Осмон фурў мерафт. Лекин чандон гаронвазн наметофт; чунон ки ҳаст – як қабат шиша. Вале чунон оҳиставу сабук сари қуллаҳо нишаст, ки ягон ҷояш дарз наовард...
«Сухани вопасин!»
Аз ҷониби фармонравоён буд. Туғрал сари бараҳнаашро дастмол кард, нигарист ба пойи тиҳӣ. Сар бардошта ба Осмони пастомада дида дўхт, ғулғула ба кўҳи Нидо андохт. «Ман...» мегуфт кўҳҳо силсилагў мешуданд. Воҳимаангез буд:
«Ман ҳама пай бурдаву шинохта ва донистаамро ба Худованд арз кардам! Баъди сари ман ҳамааш ба сари ту бор хоҳад шуд, командир!»
Командир Шатенин як қад парид ва наъра зад:
«Парронед!»
Аммо садойи ўро кўҳҳо такрор накарданд. Худаш такрор кард:
«Парронед!!!»
Ҳеҷ кас даст ба зеҳи камон набурд, ки ҳоло ба қатлгоҳ нарасида буданд. Қатлгоҳ лаби руд, рўйи тобасанги сафед; ҳамон ҷое ки пойҳойи аспи хобдидааш ба тахтасанг фурў рафта буд; ҷоест, ки шоир бояд «Санго ҳама лаъл басту дарё ҳама хун!» гўяд. Аммо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор