Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Қатори пушаймон шудаҳо! – рў натофта гуфт усто.
Киштие, ки ба назар, лангар андохта миёни баҳр ором меистод, аз вазиши боди тунд ба ҷунбиш даромад; киштии давр нооромӣ дошт ва ин чиз танҳо ба назари усто мехўрд... Аз ин рў имшаб ў шайтанатбодро хоб дид, ки киштии хаёлии ўро аз миёнаи баҳр бардошта, канор бурд, нопадид кард... «Чӣ муаммоест?» таъбири хоб меҷуст. Дарёфта натавонист хобашро ва ба касе хобгузорӣ накард, то дар деҳа маломаташ накунанд. Ў дарку дарёфт кард, ки дар ниҳодаш нерўе ҳаст, гоҳ мисли забонаи чароғ аз бархўрди бод боло мешавад, гоҳ тира.
— Усто! Ҳо, усто! – аз дами дарвоза садо омад ва дили усто фурў лағзид. Садоро фоли нек надонист ва ба занаш фармуд, ки нигоҳ кунад, то кӣ садо дорад.
— Ҳу-у-у, кадомед? – садо дардод зан.
— Усто дар хона ҳастанд? – пурсид овоз.
— Нестанд! – аз рўи фармуди усто ҷавоб дод зан ва пештар рафта, як одами шиносро дида, «биёед, ако!» гуфт ва баргашта ба усто хабар расонд. ки акои Қурбонмурод меоянд.
Усто Қурбонмуродро пешвоз гирифта, рўи суфаи зери дарахти чормағзи азим бинишонд.
— Ман аз назди Мулло Зуҳур омадам, усто, – баъди даст ба рўй кашидан фармуд ў.
— Хўш?
— Ба давоми иморатро сохтану насохтанатон корам не, лекин ба нияте, ки кардаед, кордор мешавам. Илоҳӣ рўи мурод бинед, усто! Ман омадам, ба шумо расонам, ки одаматонро фиристед.
Усто Қодир ба андеша рафт, ки ин чӣ гуфторест? «Чаро Зуҳур ин касро фиристодааст, то ман хостгор монам? Наход таъбири хобам ҳамин бошад?...»
— Ин ҳарф миёни мо буд, аз куҷо ба шумо рўшан гашт?
— Э усто-е, э, усто-е! – сар ҷунбонд ў, – Нияти шумо ба ҳама маълум; мурод аз устоӣ – қудоӣ.
— Ба ҳар ҳол, ҷазманд набудам ба ин кор ва ҳоло ризоии Бурҳонро нагирифтаам..
— Ман аз ҷониби ў ризоият медиҳам,– хандида гуфт Қурбонмурод.– Мулло Зуҳур аз дунё, аз Худованди карим умеди зиёд доранд...
— Саҳв мекунед, он кас умед аз Худо канда…
— Тавба кардам, гўед. Фармуданд, ки аз осмон ваҳй омадааст, ки ояндаи замину замонро Худованд ба Зуҳур барин касон супорад...
— Яъне, замоне расад, ки наҳангон моҳичаҳоро фурў баранд...
— Раҳмат бар падаратон! Зинда ба зинда.

пешина
аз 421
навбатӣ