Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Лекин барои чӣ ўро озод кард, намефаҳмад. «Мардум дуруст андеша мекунанд: як гап набошад, қозӣ озод накунад». Ва назди қозӣ рафт:
— Қозии олам, маро сангсор кунед ё ба халқ фаҳмонед, ки ман бо шумо муносибате надорам; шумо бо ман бозӣ намекунед...
— Чӣ-ӣ?!
— Овоза, ки ман бо шумо бозӣ мекунам, барои ҳамин маро аз ҳукми раҷм гардондаед.
— Ман? Қозии олам? Бо ту – зани рўинатан?
— Бале, қозии олам! – оҳанги мазоҳ дошт суханаш.
— Дафъ шав! Ба назарам нанамо!
— Ман инро медонам, қозии олам, шумо инро ба халқ фаҳмонед!
— Гум шав! – асои аз эҳтиёт дар гўшаи қозихона гузоштаро бардошта фарёд зад қозӣ. – Ман кўрам ё карам, ки ба ту мазанг эҳтиёҷ дошта бошам? Як бори дигар қадамата аз остонаи дорулқазо дарун монӣ, поята зада мешиканам! Гунаҳгор шудам туя озод карда?! Ҳе бар падари туву мардумат лаънат!
— Бар падари шумо ҳам, қозии олам!
Хито шуд қозӣ. Надонист бо ин зан чун муомила кунад. На сиҳатиаш маълум, на девонагиаш. На некиро фаҳмад, на бадиро.
На тарс дорад, на ҳарос. На аз мурдан тарсад, на зиндагӣ кардан хоҳад. Ларзид қозӣ. Ва якбора фарёд зад:
— Марду-ум! Рўинатан аст ин зан! Ба ҳарфи ў гўш надиҳед!
Бовар накунед! Ошўбгар аст! Қозиву қозихонаро сиёҳ кардан хоҳад!
Мардум инро ҳам бозӣ донистанд; асрор пўшонад, гуфтанд.
Шарифа китфи рост такя ба яккамехи Саманд дода истоду истод ва ҳама шудаҳоро бори дигар пеши назар овард; хаёлан Самандро дар асписти пушти шахи Гаҳвора дид, ба худ омада суол кард: «Чӣ коре шуд?» Гумон надошт, ҳеҷ гумон надошт, ки зиндагиаш чунин ранг гирад; гумон надошт, ки баробари гум шудани шавҳару писар эътибору эҳтиром низ гум шавад.. Хонабанд аст ў.
Худро ба касе нанамояд, касеро набинад, ҳарфе нашунавад...
Ҷўраву Сангин зуъм доранд, ки модарашон қаҳрамонӣ карду барои аз марг раҳо ёфтан ба қозӣ сар фаровард; уреб-уреб ба ў нигаранд; ба коре дасту дилашон наравад. Иштиҳои хўр надоранд...
Ҳамааш Шарифаро дилтанг гардонад. Истода-истода ба рафтори Норӣ ҳайраташ афзояд: ба марги падар розиву аз дида
– мункир. Чунон рафтор кард, ки аслан Шарифаро намешинохта бошад. Намедониста бошад, ки савори Саманд ҳамин зан буд
– ҳамин зани лоғарандоми сиёҳранг, ки аз ташвишу андешаи зиёд ва аз камхобӣ чашмон ба хонааш фурў рафта, гўё Шарифа не, чашмҳо аз зиндагии ташвишзо гурезон бошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо