Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

«— Пас шумо беномусед... Отинро сўхтанд. Духтаронро бурданд. Сарвату бору бунаро ба яғмо бурданд... Пас шумо чӣ мардед, ки мўҳри хомўшӣ ба лаб мезанед?»
«— Ту ҳоло кўдак ҳастӣ, Искандар...»
«— Чӣ-ӣ-ӣ?!!!»
«— Ғарази ман ин аст, бигўям, ки пешомадро фикр намекунӣ...»
«— Баройи ин кор ман фолбин дорам, бигзор ў мағз об кунад».
«— Ман бо ту сари манша надорам. Ту сархуш ҳастӣ, сапедро сиёҳ фаҳмӣ, дўсту душманро фарқ накунӣ. Гумонат ман ба ту душманӣ дорам. Аз дилсўзӣ гўям. Туро тарбия накарда бошам ҳам, чизе омўзондам. Дар омўхтаҳоям дарсе аз пархош набуд, туро ба адолат мехондам... Достони Ахиллро аз ин рў иншо кардаам...»
Искандар чашм пўшиду кушод, пеши назараш на Устод, балки Ахилл меистод. Шамшери барқбораш ҷавлон мекард; нури хуршед бар он бархўрда ба замину фазо шўъла мепошид. Искандари рўъёйӣ пушти даст бар чашмонаш дошт, то кўр нашавад. Ҳамон лаҳза барқи шамшер пароканда гашт ва пеши назараш омад, ки шамшери гузаройи Ахилл душманонро чун хиёри тар аз камар ду мекунад. Якеро бизад Ахилл. Каллааш парид ва андар фазо баланд хандид ва Искандар таваҷҷўҳ кард, ки чӣ сари буридаест, ки ботан садо мекунад. Бар фазо шуд сар, бузург гашт ва рў ба замин баланд мешуд сўйи само ва механдид. Искандар бадиққат бидид, ки сари Устод Арасту боло меравад ва механдад. Боз бо кафи даст чашм бидошт, то набинад, сари бурида ва парвозийи Устодро. Вале садойи хандайи ў ҳанўз мерасид ба гўш ва сар меафшонд, то садоро нашнавад, аммо садо баландтар мешуд. Ў чашм кушод, ки сар ба абр бадал гашта оҳиста-оҳиста бузургу паҳн мешавад ва рўйи осмон ва пеши шамсро мегирад. Чашм калонтар бикшод, нигарист ба атроф. На Ахилл буду на шамшераш ва на хуршеди тобон, ки рахшад аз шамшери фўлодийи паҳлавон.
Фазо тира мегашт. Рўйи заминро пардайи тира шабранг мепўшид ва сарро гиҷ мекард. Сари Искандарро меғ фаро гирифт. Чизеро андеша ва ашёеро фарқ карда наметавонист... Ва хаёле дид, ки аз миёни пардайи тира нуре тофт хира ва оҳиста-оҳиста ҷон мегирифту равшан мешуд, шикофта пеш меомад пардайи сиёҳро. Он нур фарох гашт ва қолаби сурати одамро гирифт. Сафед шуд миёни сиёҳӣ чун равзанае ба дунёйи дигар... Мисранг гашт.
Шакли инсон шуд...
Искандар ҳамаро мушоҳида мекард. Аҷабаш омад, ки одам ҳам аз нур мешудааст. Наздиктар омад. Инсони комил буд. Ҳеҷгуна оташ набуд. Искандар ба чашмони хеш бовар намекард. Чашм пўшид. Сар афшонд. Дида боз кард... ва Устодро дид. Арасту ҷиддӣ, вале бехашму ғазаб ҷониби ў менигарист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо