Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман аз ту миннатдор, Александр... Ҳарчанд мегўянд, ту ба Файлақус монандӣ, ман мегўям, ки ту дигарӣ. Файлақус фаросате надошт, ки модари хешро эҳтиром бикунад... Лекин парешон ҳастам, ки ту ин субҳ нахестӣ, парешон ҳастӣ... Сабаб чист?
— Ман ҳарфи аз ту пинҳонӣ надорам, модар... Ман хоб дидам...
— Чӣ хоб?
— Ахиллро хоб дидам, ки Устодро бикушт...
Олимпиада пиндошт, ки ҳамайи хоби дидайи писар ҳамин аст, рангаш парид. Сар андохт. Ба андеша рафт ва оҳиста гуфт:
— Магар дунё охир мешавад?
— Чун?

— Беҳтарин донишмандонро, ки ба куштан сар карданд, дунё охир мешавад...
— На, модар! Устод намурд... Ў боз пайдо шуд. Баъди бо шамшераш ду ним кардани Ахилл Устод ба осмон рафт ва аз он ҷо оташ шуда баргашт... Пардайи тирайи рўйи замин гирифтаро сўрох карда, нур пошид ба олам...
Олимпиада боз ширин-ширин табассум кард ва сари писарро ба оғўш гирифт. Бўйи хуш дошт модар. Вале Искандар дарнаёфт, ки чӣ бўест. Бал эҳсос мекард, ки варақаҳойи гирифтайи сараш барг-барг кушода мешавад, андар замираш равшанӣ ҷой гашта табъашро болида мегардонад.
— Бо ман сўҳбат карданат беҳуда, Александр... бояд Устодро биоварӣ.
— Баройи чӣ? Баройи таъбири хоб?
— На. Таъбири хоб маълум... чунон ки гуфтам... Лекин Устодро даъват карда бипурсу бифаҳм, ки озурда набошад, малўл нагашта бошад.
Искандар ҳайрон монд, сар аз оғўши модар кашид ва ба чашмони Олимпиада нигариста пурсид:
— Магар Устод шикояте кард?
— На. Чӣ шикоят? Магар баройи шикоят сабабе ҳаст?
— На...
— Агар нест, ўро бихон, ҳол бипурс, эҳтиромашро ба ҷой биовар, ки шояд сад аср як нафар чунинонро биофарад...

БаНди ЁЗДАҲУМ

Аристотолиси бузургу бохирад ба боргоҳи сустбунёд, ки аслан решайи шоҳиву шоҳигарӣ надошт, пойи рафт накард. Ў фиристодаро ваъда кард, ки меравад, аммо на пояш мекашид ва на дилаш.
Баройи инсоне, ки бо адлу инсоф зинда аст, пиндору рафтори нек дорад, андар боргоҳ маъво гирифтан, ба фисқу фуҷур олудан, рисолайи нокомиву нохушийи халқро эҷод кардану мўҳри иҷро гузоштан раво набувад.

пешина
аз 390
навбатӣ