Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Айнан дар ҷое пайдо шуд сурат, ки Боҳуй истода буд он рўз. Хавф кашид Ох, ки вазири маккор аз ҳама сирру савдо воқиф аст ва ҳоло наззора дорад тарзи нобуд сохтани Сосони ҷосусро... «Даст нарасон ба ў... ин ҷосус лозим мешавад!...» – омад ба гўшаш, вале надонист аз куҷо: аз он сўйи рўд ё аз бистари меҳмон. Хам зад, гўш дод ба Сосони хуфта. Хоб буд Сосон ва сабук-сабук нафас мегирифт. Яқин кард, ки садойи ў нест. Баргашту нигашт он сўйи рўд, пайдо набуд чизе. Тиратар гашт фазо чунон ки сиёҳие натобад. Пиндошт, ки шайтон пайдо гашта, безобита созадаш. Ёд кард Раҳмонро. Вале он сўйи рўд даҳоне боз шуд, ки оташ дошт. Сахт тарсид. Чашмонашро пўшид.
Хам зад паҳлўйи Сосони ҷосус. Рост будааст: «лозим шуд». Вагарна дар танҳойӣ шоҳзодайи нодида заҳракаф шуда мемурд...
Хуррок кашид Сосон. Ба худ овард Охро. Вале шоҳзода бовар намекард, ки хоб асту хур-хур дорад. Гумонаш, бедор аст ва қасдан хур мезанад баройи парешон кардани ў. Хуррок мекашиду пуф мезад. Сосони ҷосус парешонтар мекард Охро. Ҳоло шоҳзода намехост Сосони ҷосус мурда бошад, балки мехост бедор бошад, то қуввати дил гардад. Аз куштан даст кашид: «Меҳмон! Сосон!»
даст ба сари синайи ў гузошта ҷунбонд.
«— Ҳмм...»
«— Бихез... ман метарсам».
«— Метарсӣ? Аз чӣ метарсӣ? Бихоб!»
«— Бихез, бихез! Вагарна мо нобуд мешавем».
Барҷаста бихест Сосон ва рў ба диж овард, ки касе меомада бошад. Касеро надид, чизеро пай набурд. Рў овард ба Ох:
«— Чӣ дидӣ? Аз чӣ тарсидӣ?»
«— Дар чунин тирашаб чизе наметобад. Фақат пай бурдан имкон дорад. Ман дар он сўйи рўд чизеро дидам, ки бори дигар дидан имкон надорад.»
«— Чӣ дидӣ?»
«— Даҳонеро дидам, ки оташ мерўйид аз он».
«— Шояд саҳв шуда бошад?»
«— На. Саҳв нашуда. Суробе буд сиёҳтар аз тирашаб ва аз даҳонаш оташ меборид».
«— Магар тарсида будӣ, Ох?»
Ох ҷавоб надод. Шарм дошт аз иқрор кардан. Сосон дарёфт ҷойи сусти ўро:
«— Ту тарсидайӣ, Ох. Шаб чунон тира нест, ки ту мегўйӣ.
Бубин, дар осмони диж чӣ миқдор ситораҳо тобонанд».
Шарм дошт Ох. Андаке ба худ омад. Воқеан он қадар тираву тор набуд шаб, ки ба чашми шоҳзодайи тарсу метофт. Шарм кард, пушаймон шуд, ки Сосони ҷосусро накушт, ба сараш бало хоҳад шуд.

пешина
аз 390
навбатӣ