Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Хурд будӣ, ҳушат ба бозӣ буд, ба чунин ҳарфҳо сарфаҳм намерафтӣ. Мебинам, ки имрўз майлат дигар аст ва шунидам, ки падарат туро волийи Миср таъйин карданист.
— Ман ба волигийи Миср розӣ нахоҳам шуд, модар.
— Чаро? Хурд ҳастӣ, мехоҳӣ бигўйӣ, ки саришта кардан натавонӣ?
— На. Андеша дигар аст.
— Чист? Бигўй, то ман огоҳ бошам.
— Шоҳ Ардашери II ҳар киро нобуд кардан хоҳад, волийи Миср таъйин мекунад.
— На. Ин тавр нест... – андешайи писарро қасдан рад кард модар, то ин ҳарф ба гўши шоҳ нарасад, дар асл ба фикр зад, ки чаро писари кўчаки ў чунин андеша дорад. Таҳпурсӣ накард модар. Ёд овард, ки воқеан бисёр шоҳзодагон ва дунёхоҳон дар ин роҳ нобуд гаштаанд. Вале ин замон намедонист ба писар чӣ посух бидиҳад. Пасон гуфт:
— Майл турост, Ох. Вале хоҳӣ, ки волийи Миср бошӣ, ман ҳамроҳат меравам.
— Ту чӣ кор мекунӣ, модар? Аз хона ё ошхона бурун наойӣ.
Ман, ки дар ҷабҳаву майдонҳо мегардам, маро чӣ гуна дифоъ хоҳӣ кард?
— Ман нагузорам, ки дар ҷабҳаву майдонҳо бошӣ. Кадом модар хоста, ки писараш дар ҷабҳа бошад? Ту бояд бо роҳи хушӣ давлатдорӣ бикунӣ.
— Ин корест ношуданӣ. Аз рўзи офариниш то имрўз ҷангу ҷадалҳо буду ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Ин нафс аст, модар, кинаву адоват аст, қасду касос аст, нангу номус аст...
— Ман гумон надоштам, ки ту чунин андеша дорӣ. Пас хуни ту пеш аз гуфтани ман гаравида ба хуни модҳо. Ва бояд қасос бигирӣ аз порсҳо?
— На!
— Пас ниятат чист? Ту, ки дигар душман надорӣ.
— Душмани ман зиёд аст, модар. Душмани ман бегонагон наянд, кирми дарахт аз худи дарахт.
— Яъне чӣ?
— Падар, ки маро волийи Миср хонд, бародарон рашк мебаранд, ҷосусиҳо хоҳад шуд. Пасон чунон шавад, ки бо писарони Куруши Кабир шуда буд, бо писарони Дориюш шуда буд. Аз рўйи тахминҳо, пешбиниҳойи вазири доно Боҳуй ё Замин бояд фурў биравад ё давлатдорӣ.
— Саҳеҳаш давлатдорӣ. Фурў рафтани Замин аз худо вобаста аст, фурў рафтани давлатдорӣ аз дасти шоҳону маснадхоҳон.
Дуввумӣ наздиктар аст ба чашм.
— Чунин андешаҳо аз куҷост дар сари ту, модар?

пешина
аз 390
навбатӣ