Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ох шодбош гуфт моҳигирро ва лаб-лаби рўд, ки обшикан дошт, сўйи дарбанд бирафт. Ў хам шуда аз канор санг мегирифту меандохт ба об, то моҳигир донад, ки шоҳзода баройи бозӣ омада ин ҷо. Чашм мечаронд дарбандро, ки шояд нишонае аз Сосони ҷосус пайдо бошад, ақаллан нишонае аз либосаш, вале пайдо набуд чизе. Хеле нигарист, чун чизе надид, сархам бозгашт. Боз омад назди моҳигири пир. Сари забонаш мегашт, то бипурсад аз ў, ки ба тўраш мурдае омада ва ё рўйи об гузаштани нафареро дида? худдорӣ мекард. Бинишаст назди сабаддаста, ки чанд моҳии хурду калон дошт. Бигирифт ширмоҳиро ба даст, болу думу ғалсамаашро ба нўги ангуштон сойид ва ба сапедийи зери шикамаш диққат дод, ки бори аввал чунин сапедийи тозаро медид.
— Шумо ягон бор аз назди кўшк моҳӣ доштаед? – ба моҳигири пир рў овард шоҳзода.
— На, – тўри моҳидориро аз об кашида посух дод пирамард.
— Он ҷо моҳӣ зиёд аст.
— Ҳо, медонам... ба умеди нонреза он ҷо медаванд моҳиён.
— Пас чаро аз он ҷо моҳӣ намедоред?
— Он моҳиён аз они шоҳу шоҳзодагонанд...
— Охир, шумо баройи шоҳ моҳӣ медоред?!
— Ҳамин тавр, шоҳзода, вале касе баройи шоҳ аз хазинайи шоҳӣ зар набарад.
— Ман мехоҳам, ки шумо аз он кўшк моҳӣ доред.
— Лутф дорӣ, шоҳзода, баройи ман ҳамин моҳиёни раҳгум писанданд.
— Чӣ хел раҳгум?
— Моҳиёне, ки вақти гилолуд гаштани обҳо пеши чашмашонро парда гирифта, аз дарёҳо ба умеди оби соф муқобили ҷараёни рўдҳо мераванд.
Шоҳзода моҳийи лағжонро аз даст раҳо кард ва нигарист сўйи пирамард, ки муаммо мегўяд. Ҳарфаш таҳдор ва киноя низ дорад.
— Пас моҳиёни назди кўшк ба шумо маъқул нестанд?
— Чаро? Писанданд... Он ҷо мазор низ ҳаст. Он чанори азим, ки он сўйи рўд ҳаст, мазор аст. Ҳар ҷо ки чанор ҳаст, мазор аст.
Чанорро набурранд, ҳезумашро оташ накунанд, моҳийи зерашро надоранд. Ман надидаам, ки касе аз зери он чанор моҳӣ дошта бошад. Имрўз он моҳиёнро шоҳмоҳӣ гўянд, ки тааллуқ дорад ба шоҳони модӣ.
— Ман, ки намедонистам...
— Бидон... ва огоҳ бош!
— Огоҳ аз чӣ бошам? – тагаш, ки тар аст, нам кашид шоҳзода.

пешина
аз 390
навбатӣ