Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Дижу кўшку ҳарамро фаро гирифт нафиру нола.
Субҳгоҳон шоҳ Ардашери II дар либоси шаб, пашминайи беостин бар дўш омад ба соҳили рўд. Фарзандони андар рўйи реги соҳил дарозу қатор хуфтаро дида оҳ аз ҷигар кашид. Ва гўйӣ бештар огоҳ бошад аз ҳодисот, рў ба осмон овард: «Эй яздони пок, Аҳура Маздо! Офаридӣ, зарурат афтода, ки боз гирифтӣ!? Шукри даргоҳатро дорам...» Ва хам шуд як-як ба рўйи ҳама хуфтагон.
Намешинохташон, ки фарзандони ўянд ё дигар. Зеро писарони сершуморро моҳе як бор медид ё на, якеро аз дигаре фарқ намекард ва номашонро намедонист, гарчӣ ҳамаро худ ном гузошта.
Нафаре, ки Ох аз обаш бароварда буд, рўйи дасти падар ҷон дод.
Як садойи баланд баромад аз синайи шоҳ, вале ҷуз худаш касе нашунид.
Табибон омаданд, ҳакимон омаданд, вале андар ин субҳи бефайз натавонистанд коре бикунанд. Илоҷи ягонаашон ин буд, ки баройи дилдорийи шоҳ шоҳзодагони мурдаро рўйи даст бардошта ба ҳарам дароварданд.
Дижи шоҳӣ мотамсаро гашт. Фоҷиайи бузург саросари мулки ҳахоманишиҳоро паҳн шуд чун бод. Дўстон омаданд аз дуру наздик. Маҷлиси акобир натавонист ҷой интихоб кунад баройи мазори шоҳзодагон. Шоҳ напазируфт маслиҳати баъзеҳоро, ки гўру гўрхонайи шоҳзодагон андар мазори «муқаддас» бошад.
Зеро порсиён нахоҳанд бо модҳо дар як гўр бихобанд. Падар шоҳ Ардашери II мазори писарони ғўрамаргашро дар доманайи Аровандкўҳ интихоб кард ва фармуд гўрҳойи эшон чунон бошад, ки бар реги соҳили бандар қатору дароз ёзида буданд. Ҳамчунон шуд, ки шоҳпадар мехост.
Рўзи саввум вазир Боҳуй аз Миср баргашт хабари фоҷиайи бузургро шунида. Даромад ба толори пазиро. Шоҳро на андар авранги хеш, балки рўйи намад дарёфт, ки каҷпаҳлў зада буд; ғаму ғусса дошт. Вазир гирист баробари дидани шоҳ, то аз самимияти хоҷасарой огоҳ бошад Ардашери II. Шоҳ ҳамчунон донисту пазируфт ва гирист баробари вазир. Хоҷасарой мегирист, шоҳро тасаллӣ дода наметавонист. Ва шоҳ аз сафари вазир ва аз ҳоли Мисру мисриён пурсон нашуд. Ноҷо менамуд чунин ҳолпурсӣ.
Хоҷасарой чун дарёфт шоҳзода Ох зинда аст, донист кори кист.
Мехост зудтар ба аёдати ў бирасад.
Охи хуфта дар бистари беморӣ нола дошту шеван. Месўхт ба ёди бародарон ва гўя мекард: «Чаро ман ҳамроҳи онҳо намурдам?»
Модари экбатонӣ аз сари болини ў дур набуд ва ўро тасаллӣ медод:
«Ҳар кас бо аҷали худ мемурад, писарам. Худо, ки туро нигаҳ дошта, шукр гузор...» Ва ҳилаҳо мекард Ох: худро ба хоб мезад, ҳазён мегуфт, дасту пояш мепарид, тарсидаву барҷаста хестанӣ мешуд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо