Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ў, ки дар Миср аст, модар.
— На. Ў омада буд ба аёдати ту. Магар хабар наёфтӣ?
— На, модар.
— Пас, сахт беҳуш будӣ.
— Чӣ гуфт хоҷасарой?
— Туро расонам, ки чун ба худ набудӣ, ҳарфашро нагуфта рафт.
— Ҳарфашро нагуфта рафт?
— Бале!
— Чӣ ҳарф?
— Ў донад.
Шоҳ Ардашери II вазири дарбор Боҳуйро наздаш бихонд ва фармуд, ки пешгўйиҳойи туву писарам Ох яқин шуд. «Ман ба ҳарфи шумо бовар доштам, хоҷасарой, вале чашм надоштам чунин зуд ба вуқўъ пайвастанашро».
— Худойи бузург донад ва худ фармояд, шоҳи олам.
— Эй вазири доно, кӣ метавонад чунин кунад бо писарони ман?
— Ба ҷуз ҷосусе касе натавонад чунин кунад.
— Ҷосусе?
— Бале!
— Ҷосус чун метавонад бидарояд ба ин диж?,
— Ҷосусро монеае набошад, шоҳи олам.
— Аҳли нуҷум ва раммолонро бихонед, хоҷасаройи бузург, муайян созанд, ки дарз аз куҷо омада ба диж.
— Ба чашм, шоҳи олам! – гуфт вазир Боҳуй, пасон андеша кард, ки нимкосайи таги косаро надониста ситорашиносону раммолонро хабар кардан аз рўйи ақл нест. Ба таъхир гузошт маҷлиси донишмандонро ва бозомад назди шоҳзода Ох.
Шоҳзода ба худ омада буд, баробари дидани хоҷасаройи бузург шодмон гашт. Вазир ҳол пурсид Охро, вале напурсид сабаби марги бародаронро. Балки тахминро пеш овард:
— Ох, гўянд, ки ба қаср ҷосусе роҳ ёфта, магар ин дуруст аст?
— Оре, хоҷасаройи бузург. Роҳ ёфта ва ғайб зада.
— Ба дурустӣ, шоҳзода?
— Ба дурустӣ, хоҷасаройи бузург. Исмаш Сосон бувад. Дида будам ўро, гум кардамаш.
Вазир Боҳуй биандешид ба худ: биравад назди шоҳ, ҳамаро гўяд ва бипурсад, ки аз маҷлиси донишмандон даст кашад ва аз пайи пайдо кардани ҷосус шавад... Охро фармуд, то дилҷамъ бошад, талоши зиёд накунад, ғусса нахўрад, хабараш мегирад... Ва бирафт назди шоҳ Ардашери II. Бигуфт ҳамаро якояк. Бигирифт ба забон номи Сосони ҷосусро ва фармуд, ки посух дода «Занду позанд».

пешина
аз 390
навбатӣ