Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ба шоҳи олам равшан аст, ки аз тухмайи модҳо наринае намонда.
— Магар модина нар назояд?
— Зояд, шоҳи олам. Вале волӣ хостан дар дасти шумост. Касе натавонад пеши худ волӣ шавад.
Вазири доно медонист модари экбатонӣ нар зойиданашро, худи шоҳ низ медонист, ки хуни модарийи Ох аз хуни модҳост, вале ин андеша ба сари ў наомада буд ва хаёли мулкхоҳийи писарашро намедонист.
— Дар ҳар сурат Кўшки Гардонро барҳам бояд зад!
Қатъӣ буд ҳарфи шоҳ Ардашери II ва хоҷасарой ҷонибдорӣ кард онро.
— Ҳар чӣ шоҳи олам хоҳанд, он шавад...
Чун шоҳ Ардашери II ҳаваси Ҷамдиж кард, ҳама чизро аз ёд дод: фарр овардани ситорашиносону раммолон, барҳам задани Кўшки Гардон, хароб сохтани гўрхонайи модҳоро. Пиндошт, дахмайи ў низ чун дахмайи Куруши Кабиру Дориюш андаруни шах кандаву бурида хоҳад шуд ва то ҷаҳон боқист, аз ў низ ёд хоҳанд кард, чунон ки аз Куруши Кабиру Дориюш.
— Ирониён чӣ гўянд ба ин? – нарму ором суол кард вазири боҳуш.
— Ирониён низ аз раиятҳойи мо ҳастанд. Он чӣ шоҳ фармояд, раво бошад.
— Мусаллам аст, шоҳи олам. Вале шитоб кори шайтон аст.
Сабр бояд кард, то гўри фарзандон кўҳна ва Ох тандуруст гардад.
Шумо, ки Охро дўст доред...
— Оре... дўст дорам.. вале тавон надорам, ки фарзандонамро эҳтиёт бикунам. Касе аз яздони пок тавонтар нест. Ҳама кор бо хости ў шавад.
— Ҳамин тавр, шоҳи олам. Онҳое ки худро худо мепиндоранд, беҳуда бувад.
— На танҳо беҳуда, балки аблаҳист.

БаНди ҲАФТУМ

Шоҳ Ардашери II-ро хабар оварданд, ки шоҳзода Ох андар
доманаҳойи кўҳи Арованд мегардад гирён ва сар бар гўри бародарон мезанад, паҳлўйи дахмаҳо дароз мекашад, нафиру нола
дорад ва касе нест ба додаш расад. Шоҳ Ардашери II парешон
шуд. Вазир Боҳуйро хонд, машварат кард. Хоҷасарой фурсат ғанимат донист ва ба шоҳ ваъда дод, то писари ўро сиҳҳату саломат
бозорад. Танҳо бирафт ба доманайи кўҳи Арованд ва гўрҳойи
қаторро дида ғамӣ гашт. Бинишаст дар пойгаҳи қабрҳо, сар ба
сукут дошт, дуо кард равонашонро, то шод бошанд. Хоҷасарой
шоҳзода Охро дида буд, вале аҳамияте намедод, гўё надида. Шоҳзода бар тахтасанге зону оғўш карда ва сар бар зону ниҳода буд, бехабар аз омадани вазир Боҳуй.

пешина
аз 390
навбатӣ